ВарзишМуҳоҷирон

БЕҲТАРИН ФУТБОЛБОЗИ ҶАВОНИ ТОҶИК ҲОЛО ДАР РУСИЯ … ШАУРМА МЕФУРӮШАД


komandatj
, ки дар Инстаграм хабарҳои футболи тоҷикро нашр мекунад, рӯзи 13 июли соли 2022 хабар дод, ки Аминҷон Алиаҳмадов, футболбози ҷавони дастаи “Равшан” (Кӯлоб), ки соли 2021 беҳтарин футболбози ҷавони мусобиқоти қаҳрамонии футболи Тоҷикистон дониста шуд, ҳоло дар Русия дар муҳоҷирати корӣ қарор дошта, дар шаҳри Киржач … шаурма мефурӯшад. Киржач шаҳри хурде бо 26 ҳазор аҳолист, ки дар тақрибан 100-километрии шимолу шарқи шаҳри Маскав, дар ҳудуди вилояти Владимири Русия ҷойгир шудааст.
komandatj
  аз қавли Аминҷон Алиаҳмадов менависад, ки “ӯ гарчанде, ки беҳтарин футболбози лигаи олӣ байни ҷавонон гардид, вале дастгирӣ надид ва ба ҳамин хотир роҳ гирифт сӯи муҳоҷират”.
Ин саҳифаи варзишӣ менависад: “Ҳоло ӯ дар шаҳри Киржач ба фурӯши шаурма машғул аст. Лек берун аз кор бо дӯстону шиносҳояш ба футболбозӣ меравад. Ҳамин буд, ки дар яке аз чунин бозиҳо ӯро намояндагони тими “ Ротор” (Киржач” мушоҳида намуда, ба дастаашон даъват карданд. Дар аввалин бозии санҷишиаш @aminjann_9 4 гол ба самар расонида ва 2 ассист анҷом дод. Чӣ тавре, ки худи ӯ мегӯяд, мумкин аст бо ин даста шартнома ба имзо расонад”.

Дар бораи “Ротор” (Киржач) дар Интернет ягон маълумот нест ва маълум нест, ки он дар  лигаи чандум бозӣ мекунад? Вале як дастаи футболи Киржач дар гуруҳи дуюми чемпионати вилояти Владимир  бозӣ мекардааст ва дар ин мусобиқоти маҳаллӣ низ дар байни 13 даста дар зинаи ҳамагӣ 11-ум ҷой гирифтааст.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button