ВидеоМуҳоҷиронҲуқуқи инсон

ВИДЕО: ДАР РУСИЯ КОРМАНДОНИ ПУЛИС АЗ НОМИ ФСБ БА ЯК ҶАВОНИ ТОҶИК ТАҲДИД КАРДААНД

Кормандони пулис дар шаҳри Екатеринбурги Русия худро “кормандони ФСБ” муаррифӣ карда, ба як ҷавони 21-солаи тоҷик таҳдид кардаанд, ки агар иттиҳоми ба гарданаш боркардаи пулисро ба гардан нагирад, ба муҳлати 20 сол аз Русия депортатсияаш мекунанд. Ҷавони тоҷик  Абдуфаттоҳ Набиев ин таҳдидҳоро бо телефони мобилаш сабт ва нашр кардааст.  Ҳоло адвокати ӯ Ирина Ручко ба хадамоти амнияти дохилии пулиси вилояти Свердловск шикоят навиштааст.

Тафсилоти моҷарои ин ҷавони тоҷикро нашрияи 66/RU нашр кардааст.

Моҷарои Абдуфаттоҳ Набиев бо пулиси Екатиринбург як сол пеш вақте сар шуд, ки ӯро кормандони ГИБДД (собиқ ГАИ) манъ карда, бо гумони инки шаҳодатномаи ронандагии аз Тоҷикистон гирифтааш қалбакӣ аст, ба шуъбаи пулис оварданд. Дар инҷо ба зидди Набиев бар асоси қисми сеюми моддаи 327 Кодекси ҷиноятии Русия бо иттиҳоми истифодаи санади қалбакӣ парвандаи ҷиноятӣ кушоданд.

Ҷавони тоҷик ин иттиҳомро қабул накард. Ӯ мегӯяд, ки шаҳодатномаи ронандагиро нахаридааст, балки дар Тоҷикистон мактаби ронандагиро хатм карда, имтиҳон супорида буд, вале ба сабаби инки ҳанӯз 18 сол надошт, ҳуҷҷати ронандагиашро сари вақт гирифта натавонист. Ӯ, ки дар Русия ҳаққи иқомат дошт, ба онҷо барои коркунӣ рафт, ҳуҷҷати ронандагиашро бошад, баъди ба синни 18 расидани вай падараш гирифта, ба вай фиристод.

Бо ин вуҷуд, парвандаи Абдуфаттоҳ Набиевро ба додгоҳ кашонданд. Ба гуфтаи адвокаташ Ирина Ручко, Набиев дар додгоҳ  ҳамчун далел аз БДА Тоҷикистон санад нишон дод, ҳамчунин аз консулгарии Тоҷикистон дар Екатеринбург санад овард, ки ҳуҷҷати ронандагии ӯ дар махзани БДА ВКД Тоҷикистон вуҷуд дорад ва қалбакӣ нест.

Ба гуфтаи адвокаташ, баъди ироаи ин далелҳо ба додгоҳ, ҷавони тоҷик таҳти фишор қарор гирифт. “Ҳар рӯз ба ҷои кори қаблӣ ва кунунии ӯ аз муфаттиш ва нозири минтақавӣ зангҳои батакрор меомад, ки ба пулис ҳозир шавад. 28 июн бозрас (дознаватель) Татяна Булатова ба худи ман занг зад. Ӯ маро мутақоид карданӣ шуд, то ман ба нафари таҳти ҳимоятам маслиҳат диҳам, ки гуноҳро ба гардан гирад. Ӯ мегуфт, “додгоҳ ҷаримааш мебандад, ки ин ҷазои сахт нест”, – нақл кардааст Ирина Ручко ба нашрияи маҳаллии 66/RU.

Рӯзи 30 июн Абдуфаттоҳ Набиев ҳамроҳи дӯсташ Расулҷон Давлатшоев, ки дар ин парванда ҳамчун шоҳид мегузарад, баъди занги нозири минтақавӣ ба шуъбаи пулиси №15 омаданд.

Адвокат Ручно нақл мекунад, ки дар шуъбаи пулис ба ҳуҷрае, ки Набиев ва Давлатшоев буданд, ду корманди фаврӣ даромада, худро “кормандони ФСБ” муаррифӣ кардаанд.

Яке аз онҳо бо номи Александр дар ҳоле ки адвокати Набиев онҷо ҳузур надошт, ин ҷавони тоҷикро мутақоид карданӣ шуд, ки гуноҳро ба гардан бигирад, вагарна депортатсияаш мекунанд ва 20 сол ба Русия дигар омада наметавонад.

Набиев тавонист, ки пинҳонӣ ин таҳдидҳоро сабт кунад. Кормандони пулис, ки худро “аз ФСБ” мегуфтанд, аз ҷумла дар дақиқаҳо 02:03 ва 03:44 ба Абдуфатттоҳ Набиев таҳдид мекунанд, ки ӯ дар зери заррабини ФСБ қарор дорад ва ба далели алоқааш бо созмонҳои ифротгарӣ ва ҷиноятӣ мақомоти амниятӣ будубоши ӯро дар қаламрави Русия салоҳ намешуморанд.

Ирина Ручко иттиҳоми иртиботи нафари таҳти ҳимояташ бо созмонҳои ҷиноӣ ё ифротиро “беасос” ва бофта номид. Ӯ истифода чунин шеваи фишор нисбат ба Абдуфаттоҳ Набиевро ғайриқонунӣ меномад ва мехоҳад, ки кормандони пулисро барои ин аъмолашон ба ҷавобгарӣ бикашанд.

Нашрияи 66.RU  ба хадамоти матбуоти пулиси шаҳри Екатеринбург низ барои шарҳи ин қазия муроҷиат кардааст, вале то кунун посухе нагирифтааст.

«Сотрудник ФСБ» угрожает уроженцу Таджикистана депортацией, если он не признает себя преступником. Видео

66/RU

Адвокат молодого человека рассказала, что ее доверитель отказывается признавать вину и когда дело начало разваливаться в суде, на него стали оказывать давление.

В Екатеринбурге сотрудники полиции пытаются добиться признания вины от 21-летнего уроженца Таджикистана Абдуфатоха Набиева, который считает себя невиновным в предъявленном ему обвинении, в «подделке водительского удостоверения». Его адвокат Ирина Ручко рассказала 66.RU, что подала жалобу в УСБ МВД России по Свердловской области на действия силовиков. По ее словам, полицейские начали оказывать на ее доверителя давление.

Набиева, плохо говорящего по-русски, более года назад остановили на улице сотрудники ГИБДД. Позже его доставили в отдел полиции, где возбудили уголовное дело по части 3 статьи 327 УК РФ («Приобретение и использование поддельного документа»).

Набиев свою вину не признал. Он объяснил, что водительское удостоверение не покупал, окончил автошколу в Таджикистане, сдал на права, но получить документ сам и сразу не смог, так как ему не исполнилось 18 лет. Он уехал в РФ, имея вид на жительство, а водительское удостоверение позднее получил его отец и выслал сыну. Тем не менее дело дошло до суда.

В судебном заседании, по словам Ручко, в качестве доказательств стороны защиты представили объяснение отца Набиева, а также справку Госавтоинспекции Таджикистана, ответ на запрос Консульства Таджикистана о том, что изъятое у Набиева водительское удостоверение есть в базе ГАИ МВД.

После того как суд исследовал доказательства и назначил новое заседание, на парня начали давить, говорит адвокат.

«По старому и новому местам работы ему начали поступать неоднократные звонки от дознавателя и участкового с просьбой передать Набиеву требование явиться в отдел полиции, — рассказывает Ручко. — 28 июня мне позвонила дознаватель Татьяна Булатова. Она уговаривала, чтобы я посоветовала своему доверителю признать вину, объяснив, что «судебный штраф — ничего страшного».

30 июня Набиев вместе с другом и свидетелем по делу Расулджоном Давлятшоевым пришли в отдел полиции № 15 по звонку участкового. Как утверждает адвокат, в кабинет вошли два оперативника, которые назвались «сотрудниками ФСБ».

Один из них по имени Александр без присутствия адвоката уговаривал Набиева признать вину, иначе его депортируют и на 20 лет запретят приезжать в Россию. Этот разговор попал на видео (запись есть в распоряжении 66.RU) — таймкод 03:44.

Собеседники Набиева сообщили на видео, что он якобы попадал в поле зрения ФСБ как лицо, нежелательное для пребывания на территории РФ, предположительно имеет связь с экстремистскими организациями или ОПГ (таймкод на видео — 02:03). Ручко назвала эту информацию «недостоверной».

Адвокат считает все перечисленное нарушением законодательства и потребовала привлечь сотрудников полиции к ответственности.

66.RU обратился за комментарием в пресс-группу УМВД по Екатеринбургу. На момент публикации ответа не поступило.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button