ВидеоНомаҳо ба президентТоҷикистонҲуқуқи инсон

ДАР КУҶОЕД ЭЭЭЭ? ЖУРНАЛИСТИ ШИНОХТА ЗАВҚИБЕК САИДАМИНӢ ҲАМ БОЗДОШТ ШУДААСТ

Завқибек Саидаминӣ, журналисти шинохта ва яке аз корбарони фаъоли шабакаҳои иҷтимоиро шоми 8 июл дар шаҳри Душанбе дастгир кардаанд.

Аввалин шуда, дар ин бора дар Фейсбук Сино Саидаминӣ  бо чунин як пости кӯтоҳ хабар дод:

“Дар куҷоен эээээээээээээ
Завқибек Саидаминӣ
Савридин Роибов

Чанд соат баъди нашри ин пост ӯ дар майдони шарҳҳои он навишт: “Аз дирӯз пас аз абед бо як дӯсташ буд, телефони ҳардуяш хомӯш аст, ягон хабар нест, ҳамаамон дар ташвиш.”

Рӯзи 9 июл маълум шуд, ки ин ташвишҳо бесабаб набудааст ва Завқибек Саидаминӣ дар ҳақиқат боздошт шудааст. Ба нақли яке аз дӯстони ин хабарнигор, Завқибек ва ҳамсинфаш Савриддин Роибов шоми 8 июл дар як нуқтаи шустушӯи мошинҳо мошинашонро мешустанд, то ки барои таҷлили иди Қурбон ба зодгоҳашон, деҳаи Қалъаи нав дар канори шаҳри Роғун бираванд. Вале кормандони милитсия зардуро дастгир карда, ба идораи УБОП дар шаҳри Ваҳдат бурдаанд.

Роибовро шаб ҷавоб додаанд, вале ба ин шарт, ки субҳи 9 июл боз барои бозпурсӣ ҳозир шавад.

“Аз дохили ду мошин одамҳои ношинос поён шуда, ӯ ва ҳамсинфашро боздошт мекунанд. Онҳоро ба Раёсати мубориза бо ҷиноятҳои созмонёфтаи ВКД дар шаҳри Ваҳдат мебаранд. Ҳамсинфашро шаб ҷавоб доданд, вале гуфтаанд, субҳ соати нӯҳ биояд. Ҳанӯз берун нашудааст. Ӯ ба мо чизе нагуфт. Гуфт, забонхат додааст, ки бо касе суҳбат намекунад”,— нақл кардаст яке дигар аз дӯстони дастгиршудагон ба Радиои Озодӣ.

Завқибек Саидаминӣ

Мақомот то ҳол ягон шарҳе дар бораи боздошти Завқибек Саидаминӣ надодаанд ва маълум нест, ки оё ӯ ба чӣ гумонбар ваё айбдор мешавад?

Завқибек Саидаминӣ қаблан дар телевизиони Тоҷикистон кор мекард ва бо силсилабарномаҳояш дар бораи чӣ гуна ба домани гуруҳҳои ифротӣ афтодани ҷавонони тоҷик ва барномаи “Самт” маъруфият пайдо карда буд. Вале ӯ чанд сол пеш ба далели фишори роҳбарон аз кори телевизион ва умуман аз журналистика рафт ва дар як крани сохтмонӣ кор мекард. Завқибек вақтҳои охир гоҳ гоҳе дар Интернет матлабҳои видеоӣ мегузошт ва ҳамчунин маъракаҳои хайрияро, аз ҷумла барои кумак ба ятимхонаҳо роҳандозӣ мекард.

Аз ин пеш рӯзи 7 июл ҳамин идораи УБОП дар шаҳри Ваҳдат журналист ва блогери дигари шинохта Абдусаттор Пирмуҳаммадзодаро низ бозпурсӣ карда, телефону микрофонашро гирифта буданд. Худи Пирмуҳаммадзода ба далели ин ки забонхат додааст, аз суҳбат бо хабарнигорон худдорӣ кард, вале дӯстонаш гуфтаанд, мақомот ба ӯ “машварат” додаанд, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ дар бораи масоили доғ дигар суҳбат накунад, вале метавонад дар бораи масъалаҳое, чун таърих ё сайёҳӣ гап занад. Ба Пирмуҳаммадзода ҳушдор додаанд, ки ин охирин огоҳӣ барои ӯст.

Завқибеки Саидаминӣ ва Абдусаттор Пирмуҳаммадзода аз ҷумлаи нафароне буданд, ки ба ҳимоят аз ду журналисти дигари ҳабсшуда Далери Имомалӣ ва Абдуллоҳи Ғурбатӣ садо баланд мекарданд.

Ҳарду ахиран гуфтанд, ки аз ҷониби троллҳои тарафдори ҳукумат таҳдидҳои зиёде гирифтаанд ба ин мазмун ки баъди Далеру Ғурбатӣ навбати шумост.

Аз ҷумла Завқибек тоза рӯзи 5 июл навишт, ки ӯро бисёриҳо машварат додаанд, ки ҳиҷрат кунад:

“Баъди қазияи Далеру Абдуллоҳ, буданд онҳое, ки дар коментҳо навиштанд ва чанд рӯз пеш якеш, ки умуман намешинохтамаш маро дар кӯча дида, аввал аз Далер пурсиду баъд насиҳатам, кард, ки «ҲИҶРАТ КУН! ШУМО БОЯД ҲИҶРАТ КУНЕД!». Ҳоло ба ҳарфи ки гӯш бидиҳем?! Ба онҳое, ки «хоин» ва «иғвогар»-амон мехонанд?! Ё онҳое, ки мегӯянд, мо бояд ба хотири амни худ аз Ватан биравем?!

Мане, ки ба хотири нафси худ, журналистиро ба пулкоркунӣ табдил надодаму басаш кардам! Мане, ки аз касе барои таърифу танқиди бардурӯғ як дирам нагирифтам! Мане, ки ба хотири нафсам, сиёҳро сафеду сафедро сиёҳ нагуфтам! Мане, ки пеши ноҳақиҳои роҳбару роҳбараком хомӯш наистодам! Мане, ки кор дар Русияву Туркияро рад намуда, пурхатартарин корро дар Ватан интихоб кардам, ҳоло бояд худамро «хоин»-у «иғвогар» дониста, «ҳиҷрат кунам»?!…”

Тоҷикистон дар раддабандии ахири созмони “Хабарнигорони бидуни марз” аз лиҳози вазъи озодии матбуот якбора 10 зина боло рафта, дар байни 180 кишвар дар зинаи 152 ҷой гирифта буд. Вале боздошти чандин хабарнигору бологер дар моҳҳои май ва июни соли 2022 ҳокист, ки дар раддабандии ояндаи “Хабарнигорони бидуни марз”  ва дар арёзбиҳои дигар созмонҳои байналмилалии ҳомии ҳуқуқ мавқеи Тоҷикистон дигарбора хеле пойин хоҳад рафт ва Душанбе дар қатори саркӯбгарони озодии матбуот ҷой хоҳад гирифт.

Ёдовар мешавем, дар ду моҳи охир дар Тоҷикистон журналистону блогерҳое, чун Далери Имомалӣ, Абдуллоҳ Ғурбатӣ, Завқибек Саидаминӣ,  Муҳаммади Султон, Хушом Гулям ва Улфатхоним Мамадшоева боздошт гардида, Абдусаттор Пирмуҳаммадзода, Эмомалӣ  Сайидзод ва Рамзия Мирзобекова таҳти бозпурсӣ қарор гирифта, телефонҳо ва василаҳои дигари ҳарсеро мақомот барои тафтиш мусодира карданд.

Ҳамин тавр, моҳи май шахсони номаълум ба чор хабарнигори Радиои Озодӣ ва “Настояшее Время” баъди мусоҳибаҳои онҳо бо Улфатхоним Мамадшоева дар Душанбе ҳамла оварда, телефонҳо ва дастгоҳҳои сабти онҳоро кашида гирифтанд. Бо гузашти қариб ду моҳ мақомот то ҳол кӣ будани ин ҳамлагаронро, ки дар рӯзи рӯшан дар пойтахти Тоҷикистон ба хабарнигорон ҳамла оварда, васоили онҳоро кашида гирифтанд, ошкор накардаанд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button