ВидеоҶомеа

КӮДАКИ 5-СОЛАРО 5 ҲАЗОР ДОЛЛАР ФУРӮХТАНӢ БУД. БОЗДОШТИ ЯК КӮДАКРАБО ДАР ДУШАНБЕ (ВИДЕО)

Маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон дар нашри навбатии барномаи “Ахбори ВКД” хабар дод, ки кормандони раёсати кофтукови ҷиноии ин вазорат (раҳбараш полковник Шоҳрух Саидзода) ахиран як ҷинояти гӯшношуниди кӯдакрабоиро ошкор ва марди 35-солаеро, ки кӯдаки панҷсоларо дуздида, ба маблағи 5 ҳазор доллар фурӯхтанӣ буд, дасттгир кардаанд.

Бино ба ин гузориш, сокини кӯчаи Айнии пойтахти Тоҷикистон шаҳрванд Қурбонов Шавкат, соли таваллудаш 1987, ки қаблан 3 маротиба бо ҷурми дуздӣ суд шудааст, ин дафъа бо иттиҳоми одамрабоӣ ва харидуфурӯши кӯдак дастгир шуд.

Бино ба фарзияи тафтишот, Шавкат Қурбонов нимаи дуюми рӯзи 30 июни соли 2022, тахминан соати 18:30, дар назди бозори “Деҳқон” дар маҳаллаи Гипроземи шаҳри Душанбе кӯдаки панҷсолаеро беназорат дида, бо роҳи фиреб ва сӯиистифода аз боварӣ бо ваъдаи барояш харидани яхмос рабуда, бо худ бурдааст. Ӯ сипас кӯдакро ба Боғи Фирдавсӣ оварда, мехост ба як зани бефарзанд ба маблағи 5 ҳазор доллар бифирӯшад, вале аз ҷониби кормандони милитсия дастгир шуд. Дар гузориш бидуни ироаи ҷузъиёти зиёде гуфта шуд, ки “фаъолиятҳои  Шавкат Қурбонов зери коркардҳои оперативии раёсати кофтукови ҷиноӣ қарор дошт”.

Худи Шавкат Қурбонов дар ин гузориш ҷараёни корро ба таври муфассал чунин нақл кард: “Ман бо як зан, ки барояш кӯдак даркор буд, шинос шудам. Ман ӯро фиреб кардам, гуфтам, ки бачаи апаи худамро гирифта медиҳам ба Шумо. Вай розӣ шуд. 5 ҳазор доллар маслиҳат кардем, вай қабул кард. Баъд ман рафтам пеши “Деҳқонбозор”. Як кӯдакро тоқа дидам ва пурсидамаш, ки яхмос мехӯрӣ? Ҳа гуфт. Яхмос гирифта додамаш ва бурдамаш ба боғи пушти бозори “Саховат”. Онҷо бояд вомехӯрдем, вале маро дастгир карданд. Агар дастгир намекарданд, он кӯдакро 5 ҳазор доллар мефурӯхтам.”

Акнун ба ин сокини дастгиршудаи Душанбе барои рабудани кӯдаки баръало ноболиғ бар асоси қисми дуюми моддаи 130 Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон ҳамчун ҷазо аз 8 то 12 соли зиндон таҳдид мекунад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button