Хабарҳои кӯтоҳ

ҲАВОИ ПУРГАРДУ ХОК ДАР ТОҶИКИСТОН ТО 10 ИЮЛ БОҚӢ МЕМОНАД

Бино ба маълумоти Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон, дар баъзе ноҳияҳои ҷумҳурӣ аз 8 то 10-уми июл ҳавои тираву пургарду хок боқӣ мемонад. Рӯзҳои 8-10 июл дар ноҳияҳои кӯҳиву баландкӯҳии вилояти Суғд, навоҳии тобеи марказ ва ғарби ВМКБ эҳтимоли омадани селҳо бар асари об шудани пиряхҳо вуҷуд дорад.

Инак чанд рӯз боз сокинони Тоҷикистон аз чангу боди маъруф ба “боди афғонӣ” азоб кашида истодаанд.

Дар ҳамин иртибот Кумитаи ҳолатҳои фавқлулоддаи Тоҷикистон бори дигар ба аҳолӣ ва меҳмонони кишвар муроҷиат мекунад, ки дар чунин рӯзҳо хеле эҳтиёткор бошанд ва ронандагон қоидаҳои бехатарӣ ва ҳаракат дар роҳҳоро ҷиддан риоя намоянд.  

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button