АфғонистонҶомеа

18 СОЛ ҲУКМИ ЗИНДОНИ ХИДМАТЧИИ ҲАРБӢ БАРОИ ҚОЧОҚИ МАВОДИ МУХАДДИР ВА ФИРОР

Додгоҳи ҳарбии гарнизони Душанбе бо ҳукми худ аз 6 июни соли 2022 хизматчии ҳарбӣ-курсант Бахтовари Раҳмоналиро бо ҷурми даст доштан дар қочоқи 8 кило маводи мухаддири навъи ҳашиш ва фирор аз қисми ҳарбӣ гунаҳкор шинохта, ба 18 соли маҳбаси низомаш сахт маҳкум кард. Маркази матбуоти Додситонии кулли Тоҷикистон дар шарҳи ин парванда гуфт, Бахтовари Раҳмоналӣ 12 июни соли 2017 филиали Академияи ҳарбии ақибгоҳ ва нақлиёти шаҳри Пензаи Федератсияи Россияро хатм намуда, барои идомаи хизмати ҳарбӣ ба ихтиёри вазорати мудофиаи Тоҷикистон сафарбар карда шуд.Пас аз хатми мактаби олии ҳарбӣ ӯ уҳдадор буд, ки барои идомаи хизмати ҳарбӣ ба вазорати мудофиа ҳозир гардад.

“Аммо номбурда бе сабабҳои узрнок аз идомаи адои хизмати ҳарбӣ саркашӣ намуда, вақтро ба салоҳдиди худ гузаронида, аз 12 июни соли 2017 то 21 феврали соли 2022, яъне муддати зиёда аз 4 сол аз иҷрои вазифаҳои хизматии ба зимааш гузошташуда канораҷӯӣ кардааст”, гуфта мешавад дар иттилоияи додситонӣ.

Маркази матбуоти Додситонии кул меафзояд: “Ғайр аз ин, ӯ кирдорҳои ҷинояткоронаи худро идома дода охирҳои моҳи январи соли 2022 бо мақсади ба даст овардани даромади муфт бо рафиқаш шаҳрванди Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, бо номи “Зубайдулло” тариқи сомонаи интернетии “Вотсап” дар тамос гашт. Зимни суҳбат бо таклифи Зубайдулло ҷиҳати дастрас намудани 18 кг воситаҳои нашъадори навъи “ҳашиш” маслиҳати пешакӣ намуда, бар ивази маблағи 22.000 сомонӣ аз махфигоҳи пешакӣ муайяншуда воситаҳои нашъадорро ба микдори махсусан калон дастрас карда, барои ба соҳибияти каси дигар додани ин воситаҳо то шаҳри Душанбе, ғайриқонунӣ интиқол медиҳад. Сипас, ӯ бо ҳамаслакаш “Зубайдулло” дар тамос шуда, аз амалӣ гаштани қасди пешгирифтаашон хабар додааст ва ба воситаи корти пластикии “Душанбе-ситӣ” маблағи маслиҳат намудаашро ба миқдори 22000 сомонӣ гирифтааст”.

Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷои пинҳонкардаи ӯ дар як борхалтаи полиэтиленӣ 18 бастаи полиэтиленӣ, ки дар дохилаш маводи ҷигаримонанди бӯйи махсус ҷой карда шуд, ёфта ва гирифта шудааст. Ташхис нишон додааст, ки ин мавод ҳашиш буда, 18 килоро ташкил медиҳад.

Бо ҳукми суди ҳарбии гарнизони Душанбе, аз 6 июни соли 2022 Бахтовари Раҳмоналӣ, санаи таваллудаш 18 феврали соли 1990,  бар асоси моддаҳои 200, қисми 4, банди «д» ва 375, қисми 2 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон гунаҳгор дониста  шуда, аз рӯи маҷмӯи ҷиноятҳо бо роҳи қисман зам кардани ҷазоҳо нисбат ба ӯ ҷазои ниҳоӣ дар намуди маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати 18 сол бо адо намудани ҷазо дар колонияҳои ислоҳии дорои низомаш сахт таъин карда шудааст.

Тоҷикистон, ки бо Афғонистон, манбаи асосии тавлиди ҳероин, афюн ва ҳашиши дунё, 1370 км марзи муштарак дорад, дар солҳои охир ба як масири умдаи қочоқи маводи мухаддири “афғонӣ”  ба бозорҳои сиёҳи шимоли сайёра, асосан ба Русияву Қазоқистон табдил ёфтааст.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button