Минтақа ва ҷаҳонРӯйдодҳои БадахшонҲуқуқи инсон

ПАРЛУМОНИ АВРУПО САРКӮБИ ЭЪТИРОЗҲОРО ДАР БАДАХШОН МАҲКУМ КАРД ВА ХОСТОРИ ТАҲҚИҚИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲАВОДИСИ АХИРИ ШАРҚИ ТОҶИКИСТОН ШУД

Парлумони Аврупо рӯзи 7 июля 2022 бо аксарияти кулли овозҳо қатъномаи шадидуллаҳнеро қабул кард, ки дар он “саркӯби хушунатбори эътирозгарон, журналистон, блогерҳо, ҳуқуқдонҳо ва фаъолон аз ҷониби мақомоти Тоҷикистонро дар пайи эътирозҳо дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар моҳи ноябри соли 2021 ва моҳи майи соли 2022 қатъиян маҳкум кард”.  Парлумони Аврупо ҳамчунин аз бад шудани вазъи ҳуқуқи башар дар ин минтақа изҳрри нигаронӣ карда, “ба  қатъи таъқиби ақалияти помирӣ ва ҳимояти онҳо”  даъват кард.

Вакилони парлумони Аврупо ҳамчунин ба мақомоти Тоҷикистон хотиррасон карданд, ки “мубориза бо терроризм ва ифротгароӣ набояд ҳамчун баҳона барои саркӯби фаъолиятҳои мухолифин истифода шавад”. Онҳо ҳамин тавр таъкид кардаанд, ки “озодиҳои аслии тамоми шаҳрвандони Тоҷикистон ва волоияти қонун бояд кафолат дода шавад”.

Вакилони парлумони Аврупо қотеъона аз мақомоти Тоҷикистон хостаанд, то ба созмонҳои байналмилалии башарӣ ва ҳомии ҳуқуқ билофосила ва бидуни қайду шарт барои бозрасии вазъ дастрасӣ ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшонро фароҳам биоранд ва ҳамчунин алоқаи мобил ва дастрасӣ ба Интернетро дар ин вилоят пурра барқарор кунанд.

Вакилони аврупоӣ ҳамчунин талаб кардаанд, ки “нафарони худсарона дастгиршударо билофосила озод карда, айбномаҳои зидди онҳо бекор карда шаванд”.

Парлумони Аврупо  ҳамин тавр хостори “таҳқиқи мустақилонаи ҳаводиси хушунатбор ва таъмини ҳаққи шаҳрвандон ба мурофиаҳои одилонаи додгоҳӣ”  шудааст.

Қатъномаи парлумони Аврупо дар масъалаи вазъи Бадахшон бо 520 раъйи мувофиқ, 24 раъйи мувофиқ  қабул шуда, 31 вакил аз додани овоз дар ин масъала худдорӣ кардаанд.

Вакилони парлумони Аврупо шоми 6 июл дар иҷлосияи худ ҳаводиси ахири хунин дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшонро баррасӣ карданд. Вакилони парлумони Аврупо аз истифодаи барзиёди нирӯ ба муқобили эътирозгарон дар Бадахшон, кушта шудани мардуми осоишта, нақзи ҳуқуқи инсон ва саркӯби озодии матбуот дар Тоҷикистон изҳори нинаронӣ карда, аз ниҳодҳои Иттиҳоди Аврупо хостанд, то ба  ҳукумати Тоҷикистон бо талаби риояи ҳуқуқи инсон ва уҳдадориҳои байналмилалиаш фишор биоранд.

Чунин талабро аз ҷумла вакилон аз Австрия, Олмон ва Лаҳистон (Полша) Кристан Сагартз, Карстен Луке, Енгин Ероглу, Ричард Сернетски ва Сергей Лагодински дар миён гузоштанд.

Намояндаи Комиссияи Аврупо Вирҷиниюс Синкевичюс гузориш додааст, ки мақомоти Тоҷикистон дар муқобили тазоҳуркунандагон аз силоҳ истифода карданд, ки дар натиҷа даҳҳо нафар куштаву захмӣ шуданд. Вай ҳамчунин ба ҳабси садҳо нафар ва саркӯби озодии матбуот таъкид кардааст.

Синкевичюс ҳамзамон хотиррасон кардааст, ки сафирони се кишвари Аврупо бо шурӯи ҳодисаҳо дар ВМКБ дар моҳи май дар эъломияе нигаронии худро аз вазъ дар ин минтақа баён доштаанд. Ӯ пешниҳод кардааст, ки бояд ба ҳукумати Тоҷикистон расонда шавад, ки ниҳодҳои интизомияш  бояд тибқи асли волоияти қонун амал намоянд ва ба фишору саркӯб хотима диҳанд.

Ин намояндаи Комиссияи Аврупо эълом доштааст, ки вазъият дар ВМКБ ва куллан Тоҷикистонро бо диққати тамом пайгирӣ мекунанд ва хостори таҳқиқи байнулмилалӣ ва мустақилонаи ин руйдодҳо буда, нигарониҳои худро дар машваратҳои сиёсӣ бо ҳукумати Тоҷикистон дар моҳи сентябр иброз хоҳанд дошт.

Рӯзи 18 майи соли 2022 дар пайи эътирозҳои густарда дар ноҳияи Рӯшон ва масдуд шудани роҳи Душанбе Хоруғ Қулма мақомоти Тоҷикистон дар ин ноҳия амалиёти ҳарбиро бо номи “амалиёти зиддитеррористӣ” оғоз карданд. Ба дунбол, дар шаҳри Хоруғ низ барои боздошти лидерҳои ғайрирасмии Бадахшон чандин амалиёти вижа баргузор карда шуд. Ба ҳисоби мақомот, дар ҷараёни ҳодисаҳои Бадахшон 16 нафар кушта ва беш аз 120 нафар боздошт гардида, ҳамаи 12 лидери ғайрирасмии фаъол дар ин вилоят ё боздошт ваё кушта шуданд ва фаъолияти онҳо пурра қатъ карда шуд.

Мақомот эътирозгарон ва лидерҳои ғайрирасмии Бадахшонро ба ҳамдастӣ бо “гуруҳҳои ифротию террористӣ”, аз ҷумла бо ҳизби дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати исломӣ айбдор карданд. Вале сокинони Бадахшон иттиҳоми тундгароӣ ва терроризмро рад мекунанд ва мақомотро айбдор мекунанд, ки ба зидди эътирозгарони осоишта аз нирӯ, аз ҷумла аз силоҳҳои ҷангӣ истифода бурданд ва чандин нафарро баъди боздошташон бар асари шиканҷа куштанд. Сокинон мегӯянд, дар ҷараёни саркӯби эътирозҳо дар Бадахшон дар моҳи май беш аз 40 нафар кушта шудаанд, на 16 нафар, ки мақомот мегӯянд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button