Иқтисод

ИТТИҲОДИ АВРУПО МЕХОҲАД САРМОЯГУЗОРИ АСОСИИ СОХТМОНИ НИРӮГОҲИ РОҒУН ШАВАД

Иттиҳоди Аврупо мехоҳад сармоягузори асосии сохтмони бузургтарин сарбанд ва нирӯгоҳ дар Тоҷикистон шавад. Дар ин бора мақомҳои расмии Иттиҳоди Аврупо ба  хабаргузории Reuters хабар дода, гуфтаанд, ҳадаф аз ин иқдом кумак ба Осиёи Марказӣ барои коҳиши вобастагиаш аз Русия ва ҳам посухи Аврупо ба тарҳи пуриддаои “Як камарбанд – як роҳ”-и Хитой дар ин қисмати паҳнои Шӯравии собиқ аст.

Тоҷикистон ҳанӯз соли 2016 ба сохтани нирӯгоҳи бузурги Роғун сар кард. Ин нирӯгоҳ метавонад истиқлолияти энергетикии ин кишвари Шӯравии собиқро таъмин кунад, Тоҷикистон ба баҳру уқёнус роҳи баромад надорад ва сокинону корхонаҳояш то ҳол ба камбуди ҷиддии нирӯи барқ рӯбарӯ мебошанд.

Бахши сармоягузории Иттиҳоди Аврупо Бонки сармоягузории Аврупост. Ин ниҳод то кунун ба сармогузории сохтмони нирӯгоҳи Роғун, ки тарҳашро ширкати итолиёвии Webuild (WBD.MI) кашидааст, сармоягузорӣ накардааст. Вале дар ҳафтаи ҷорӣ намояндаи ин бонк ба Ройтерс гуфтааст, ки Комиссияи Аврупо ба бонк муроҷиат кард, ки дар ин тарҳи энергетикии Тоҷикистон “сармоягузори бузургтарин” шавад.

Далер Ҷумъа, вазири энергетикаи Тоҷикистон моҳи июн ба Ройтерс гуфтааст, ки хароҷоти умумии сохтмони Роғун 8 миллиард баровард шудааст, ки аз ин маблағ 3 миллиард доллараш алакай харҷ шудааст. Сармоягузории сохтмони Роғун то ҳол асосан аз ҳисоби қарзҳои алоҳида ва облигатсияи давлатии ҳукумати Тоҷикистон сурат мегирифт, вале ба гуфтаи як намояндаи аз ҷараёни музокираҳо огоҳ дар Брюссел, Душанбе аз Иттиҳоди Аврупо барои анеҷоми сохтмони ин нирӯгоҳи барои кишвар ҳаётан муҳим кумаки молиявӣ ва технологӣ хостааст.

Намояндаи Бонки сармоягузории Аврупо аз гуфтани ҳаҷми сармоягузории он ба тарҳи Роғун ва сабабҳои рӯ овардан ба ин тарҳ худдорӣ кардааст. Ин бонк аз соли 2014 то 2020 ба Осиёи Марказӣ ба маблағи 182 миллион евро сармоягузорӣ кардааст, ки як ҳиссаи ночизе аз сармоягузориҳои он дар хориҷ аз қаламрави 27 кишвари узви Иттиҳоди Аврупоро ташкил медиҳад.

Як намояндаи Иттиҳоди Аврупо, ки ба далели салоҳияти бо матбуот суҳбат карданро надоштанаш аз бурдани номи худ худдорӣ кард, ба Ройтерс гуфтааст, сабаби асосии сармоягузори асосии сохтмони нирӯгоҳи Роғун шудани ин созмон  кӯшиши кам кардани вобастагии Тоҷикистон ва ҳамсояҳояш аз Русия дар масоили энергетикӣ будааст.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button