АфғонистонВидеоМинтақа ва ҷаҳон

НАШРИ ВИДЕОИ АСАРОТИ ҲАМЛАИ МУШАКӢ БА ШАҲРИ ТИРМИЗИ ӮЗБЕКИСТОН

Дар Интернет сабтҳои видеоии асароти ҳамлаи мушакии маҳаллаи аҳолинишини Маҷнунтол дар шаҳри Тирмиз дар ҷануби Ӯзбекистон нашр шудааст. Дар видео дида мешавад, ки яке аз мушакҳои ба эҳтимоли ғолиб аз хоки Афғонистон партобшуда девори як хонаи истиқоматиро шикоф кардааст. Масъулияти ҳамла ба Тирмизро ҳанӯз касе ба дӯш нагирифтааст.

Қаблан вазорати корҳои хориҷии Ӯзбекистон хабар дод, ки нимаи дуюми рӯзи 5 июли соли 2022, соати тақрибан 16:20 дар минтақаи марзии Ӯзбекистон 5 мушаки реактивие, ки зоҳиран аз қаламрави Афғонистон партоб шуда буд, афтидааст. Вазорат гуфт, ҳангоми афтидан мушакҳо натаркидаанд ва дар натиҷа, касе осеб надидааст.

 “Ба 4 хонаи шахсӣ дар маҳаллаи Маҷнунтоли шаҳри Тирмиз осеби начандон ҷиддӣ расида, мушаки панҷум дар майдони футбол ёфта шуд. Сапёрҳо мушакҳои ёфтшударо безарар гардонданд. Дар ҳоли ҳозир, мақомоти босалоҳияти Ӯзбекистон ҳамроҳ бо ҷониби Афғонистон ҷиҳати муайян калани сабабҳои ин ҳодиса чораҳои лозимро андешида истодаанд”, – изҳор дошт вазорати хориҷаи Ӯзбекистон дар баёнияаш.

Шаҳри Тирмиз ҷанубитарин шаҳри Ӯзбекистон ва маркази вилояти Сурхондарё буда, дар марз бо  Афғонистон, ҳамагӣ 20 километр дуртар аз шаҳри Хайратони Афғонистон ва 100 километр дуртар аз Мазори Шариф, бузургтарин шаҳри шимоли Афғонистон ҷойгир шудааст. Тирмиз бо 140 ҳазор аҳолӣ дар 680километрии ҷанубуғарби Тошканд, пойтати Узбекистон ва тақрибан 245километрии ҷанубуғарби Душанбе, пойтахти Тоҷикистон ҷойгир шуда, аз шаҳри Турсунзодаи Тоҷикистон 190 километр ва аз ноҳияи Шаҳритӯс 130 километр фосила дорад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button