МуҳоҷиронХабарҳои кӯтоҳ

МУСОДИРАИ 62 ВИДЕОКАМЕРА АЗ ЯК МУСОФИРИ ТОҶИК ДАР ФУРУДГОҲИ ҚАЗОН

Кормандони посгоҳи гумрукӣ ё боҷхонаи “Фурудгоҳи Қазон” дар пойтахти ҷумҳурии Тотористони Русия аз як марди 50-солаи зодаи Тоҷикистон, ки аз Душанбе ба Қазон омада буд, миқдори хеле зиёди таҷҳизоти назорати видеоиро пайдо кардаанд. Ин мусофир мехост бо роҳрави сабз аз боҷхона гузарад, вале кормандони гумрук ӯро манъ ва борашро тафтиш карданд. Дар натиҷа маълум шуд, ки ӯ бо худ миқдори зиёди борҳои эъломияношуда доштааст. Аз бағочи ин зодаи Тоҷикистон 62 таҷҳизоти назорати видеоӣ, аз ҷумла видеорегистраторҳо, видеокамераҳо ва дигар таҷҳизоти назоратӣ ёфтаанд. Дар ин бора рӯзи 5 июли соли 2022 Хадамоти боҷхона ё гумруки Тотористон хабар дод.

Дар хабар гуфта мешавад, ки марди зодаи Тоҷикистон шарҳ додааст, ки ин таҷҳизотро барои дар оянда насб кардан дар мағозаи хӯроквориаш овардааст. Вале кормандони боҷхона чунин миқдори зиёди видеокамераҳоро моли тиҷоратӣ арзёбӣ карда, нисбат ба соҳибаш бо иттиҳоми дар боҷхона расман эълом накардани бораш санадҳои маъмурӣ тартиб додаанд. Видеокамераҳо аз ин мусофири тоҷик гирифта шудаанд. Ба ӯ акнун тибқи Кодекси қонуншиканиҳои маъмурии Русия, ҷаримаи ҳангуфт бо ё бе мусодираи бори овардааш таҳдид мекунад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button