АфғонистонВидеоРӯйдодҳои Бадахшон

ҶАСАДИ ЯК НИЗОМИПӮШИ ТОҶИКРО БО СЕ ЗАХМИ ТИР АЗ ДАРЁИ ПАНҶ ЁФТААНД

Субҳи 6 июли соли 2022 дар вулусволии Шикайи минтақаи Дарвози вилояти Бадахшони Афғонистон аз соҳили дарёи Панҷ ҷасади шахсеро ёфтаанд, ки дар тан либоси ҳарбии марбут ба Қувваҳои мусаллаҳи дошта, ба гуфтаи шоҳидон, “дар қафаси синааш захми се тир будааст”. Дар шуъбаи ҳолатҳои фавқулодаи ноҳияи Дарвози Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшони Тоҷикистон ба Радиои Озодӣ ин хабарро тасдиқ кардаанд, вале гуфтаанд, дар бораи шахсияти  марде, ки ҷасадашро дар он соҳили дарёи Панҷ пайдо кардаанд, ҳанӯз ҳеҷ маълумоте надоранд.

Чанд сокини деҳаи Ҷорф – маркази Шикай – ба Радиои Озодӣ гуфтаанд, ҷасадро баъди берун овардан аз об ба Нусай фиристодаанд. Нусай ноҳияи дигари минтақаи Дарвози Афғонистон аст, ки  онро як пули наздимарзӣ бо Дарвози Тоҷикистон мепайвандад.

Шоҳидони лаҳзаи аз об берун овардани ҷасад гуфтанд, дар синаи ӯ осори се тир дида мешуд. Тасдиқи ин гуфтаҳо тавассути манбаъҳои дигар имкон надорад.

Усмон Қурбонов, сардори  шуъбаи ҳолатҳои фавқулодаи ноҳияи Дарвози Тоҷикистон ба Радиои Озодӣ гуфтааст: “Ҷасадро надидем ва барои ҳамин аз шахсияташ хабар надорем”. Вай афзуд, масъалаи интиқоли ҷасадро ба кишвар ба миён гузоштанд ва “ҳоло дар роҳ аст”. Қурбонов таъкид кард, ки аз қабл ҷасади чанд шахси ғарқшударо мекофтанд ва эҳтимол ин  яке аз онҳост.

“Аз 20-уми май инҷониб маъмурони наҷот шахсонеро мекофтанд, ки ба садама дучор шуда, ба дарё афтодаанд,” — гуфтааст Қурбонов.

Моҳи май дар бораи дар роҳ ба Бадахшон дучори садама шудани як гуруҳи сарбозони ОМОН хабарҳо ба даст расида буд. Аз ҷумла пайвандони Сангалӣ Камолов, ронандаи нерӯҳои вижаи вазорати корҳои дохилӣ, ки ҷасадашро чанде пеш аз дарёи Панҷ ёфтанд, гуфта буд, ки  ӯ сарбозони ОМОНро ба ноҳияи Рӯшони ВМКБ мебурд, “аммо дар роҳ бедарак шуд”. Рӯзи 23-юми май як манбаи наздик ба мақомоти интизомӣ дар Хоруғ ба Радиои Озодӣ хабар дода буд, ки “7 корманди нерӯҳои таъиноти махсус дар наздикии Рӯшон бенишон шудаанд”.

Моҳи май мақомоти Тоҷикистон мавҷи нави эътирозҳоро дар ноҳияи Рӯшон ва шаҳри Хоруғ бо истифода аз нирӯ фурӯ нишонданд. Мақомот кушта шудани 16 нафарро дар Бадахшон тасдиқ карданд, вале манобеи дигар аз ҳалокати беш аз 40 нафар хабар медиҳанд.  Мақомот гуфтаанд, ки дар ҷараёни амалиётҳои вижа дар Бадахшон беш аз 120 нафар дастгир карда, фаъолияти ҳамаи 12 лидери ғайрирасмии фаъол дар ин минтақа дар пайи боздошт ё “безарар гардонданашон” пурра қатъ карда шуд. Сокинон мегӯянд, мақомот ба зидди осоишгарони бесилоҳ тир кушоданд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button