ВидеоМуҳоҷирон

ИЗҲОРИ СИПОСИ СИТОРАИ БАЛЕТИ РУСИЯ БА ТОҶИКИСТОН БАРОИ КОРМАНДОНИ ТОҶИКАШ (ВИДЕО)

Ҳунарманди шоистаи Русия, ситораи балети рус Анастасия Волочкова дар саҳифааш дар Инстаграм ба Тоҷикистон барои оилаи муҳоҷирони тоҷике, ки ба ӯ дар нигоҳубини коттеҷаш дар шаҳраки Новаховои вилояти Маскав кумак мерасонанд, изҳори сипос кард.

Волочкова, ки фарзандони кормандони тоҷикашро барои аёдати бобоҳову бибиҳояшон ба Тоҷикистон гусел мекард, дар Инстаграм дар бораи ин кормандонаш суханони гарме навишт ва гуфт, ки ҳеҷ гоҳ нахоҳад гузошт, ки онҳо хор шаванд вай касе онҳоро озор бидиҳад.

«Фараҳноз бо додару падараш ба Тоҷикистон ба аёдати бобоҳову бибиҳояшон ва дидани хоҳарашон Фариза, хоҳари Рустам Маҳина ва писари ӯ Давлат, ки ӯ ҳам дар инҷо, дар хонаи мо ба дунё омадааст, мераванд. Инҷо мо мемонему Лола, @hilola04.01, хоҳари Рустам Меҳрангезу шавҳари ӯ ва духтарчаашон, ки низ дар хонаи мо ба дунё омад.

Ман ба сарзамини Тоҷикистон барои онки чунин одамони шарифро ба дунё овардааст, изҳори сипос мпкунам! Пеши волидони Лолаву Рустам сари таъзим фуруд меорам.! Ман ба ин оила хеле арҷ мегузорам ва ҳеҷ гоҳ намегузорам, ки касе озорашон диҳад! Роҳи сафед ба азизони ман! Мунтазири бозгашти шумоем!

Пеш аз сафар ба Нозҷон чанд аспаки якшоха (единорог) туҳфа кардам, чунки ӯ ҷамъоварии чунин аспакҳоро дӯст медорад”.

Як хонавода аз Тоҷикистон (Рустаму Ҳилола (Лола), хоҳарони Рустам Маҳина ва Меҳрангез бо шавҳараш) чанд сол боз ба ситораи балети Русия дар нигоҳубини хонааш кумак мерасонанд. Волочкова чандин бор гуфтааст, ки ин кормандонашро на корманд, балки аъзои оилаи худ мешуморад ва аз ҳаққашон дар ҳама ҷо дифоъ хоҳад кард.

Тобистони соли 2021, вақте фарзандони кормандони Волочковаро аз майдончаи кӯдакон дар Новахово ронданд, Волочкова маъмурияти ин шаҳраки коттеҷҳоро ба миллатгароӣ айбдор кард. Волочкова гуфт, раҳбари шаҳрак овозхони собиқи гуруҳи як замони машҳури “Стрелки” Екатерина Любомская, ба гуфтаи Волочкова, аз он норозӣ аст, ки ин оилаи тоҷикҳо идҳои миллии худро бо шодиву шӯр ва садои баланд таҷлил мекунад ва болои ин, кӯдаконаш дар майдончаи кӯдакони Новахово ҳамроҳи кӯдакони сокинони дигари ин шаҳрак бозӣ мекунанд.

  «Ин духтаракҳо якеаш 5 ва дуюмиаш 3,5 сол доранд ва дар майдонча бо ҳавас бозӣ доштанд. Вале ӯ гуфтааст: “Фарзандони кормандон ҳаққи дар ин ҷо бозӣ кардан надоранд.” Ин миллатгароӣ аст!”, – бо як лаҳни пур аз эҳсосот изҳор дошт Волочкова.

Оилаи муҳоҷирони тоҷик ба Волочкова дар корҳои хоҷагӣ  ба ҳайси фаррош, боғбон ва ошпаз ба Волочкова ёрдам  мекунанд. Волочкова гуфт: “Бале, ман ин оиларо дар хонаам ҷой додам. Дар идҳои миллиашон ман ҳам иштирок мекунам. Чунки онҳо барои ман корманд не, узви оилаи мананд! Ва ҷудо кардани одамон аз рӯи миллат як кирдори нанговар аст!”

Дар ниҳоят, Екатерина Любомская, овозхони собиқи гуруҳи “Стрелки” ва роҳбари ҷамъияти моликони шаҳраки коттеҷҳои Новахово дар вилояти Маскав дар як мусоҳибаи ихтисосӣ бо пойгоҳи хабарии “Бомдод” барои он ҳодиса дар майдончаи кӯдакон узр пурсид ва гуфт, ҳеҷ бадбинии нисбат ба халқҳои дигар, аз ҷумла ба тоҷикҳо надорад.

Любомская дар мусоҳиба бо “Бомдод” дар ин робита гуфт:  “Ман одамонро ҳеҷ гоҳ аз рӯи нажод ё миллат ҷудо намекунам. Инро метавонад ҳамкори ман дар раёсати ин шаҳраки коттеҷҳо Ҷовид тасдиқ кунад. Ӯ ҳам аз Тоҷикистон аст ва хеле инсони поквиҷдон мебошад, ки ман хеле хуб ба қадраш мерасам. Ман инсонҳоро бар асоси чунин меъёрҳо, ба мисли поквиҷдонӣ ҷудо мекунам, на аз рӯи миллат. Миллатгароӣ барои ман як ҳисси бегона аст, ман ба чунин падида назари манфӣ дорам.”

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button