ВидеоХабарҳои кӯтоҳ

ҲАЛОКАТИ ЯК ПИЁДАГАРДИ СОЛХӮРДА ДАР ЗЕРИ ЧАРХИ “ОПЕЛ” ДАР БӮСТОНҚАЛЪА

ВКД Тоҷикистон аз марги боз як пиёдагард дар зери чархи мошини роҳгузар хабар дод.

Бино ба иттилои ВКД, субҳи 5-уми июли соли 2022, тахминан соати 07:30-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи «Опел-Астра», Қудбиддинов Ҳасан Изомиддинович, соли таваллудаш 2001, сокини ноҳияи Вахш, ҳангоми ҳаракат аз тарафи шаҳри Левакант ба самти шаҳри Бохтар, дар ҳудуди ҷамоати шаҳраки Бустонқалъа, аз ӯҳдаи идораи воситаи нақлиёташ набаромада, пиёдагард Гулов Шариф Турахонович, соли таваллушад 1964, сокини шаҳри Левакантро пахш намудааст.
Дар натиҷа, пиёдагард Гулов Ш. Т. ба саломатиаш ҷароҳати гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидааст.
Аз рӯи ин ҳодиса таҳқиқот идома дорад.

Роҳҳои Тоҷикистон аз лиҳози садамаҳо пурхатар дониста мешаванд. Ҳар сол бар асари садамаҳо дар роҳҳои ин кишвар то 400 нафар ҷон бохта, беш аз 1200 тани дигар маъюб мешаванд.

Суръати баланди ҳаракат ва риоя накардани қоидаҳои ҳаракат дар роҳ, ҳамчунин роҳҳову мошинҳои фарсуда аз иллатҳои умдаи садамаҳо, аз ҷумла садамаҳои марговар дар роҳҳои Тоҷикистон ном бурда мешаванд. Вақтҳои охир ҳангоми рондани мошин истифода бурдани телефонҳои мобил ба як сабаби дигари умдаи садамаҳо, аз ҷумла садамаҳои марговар табдил ёфтааст.

Рӯзи 3 июл дар ду садама дар Хоҷағалтони ноҳияи Ш.Шоҳин ва деҳаи Гулободи ноҳияи Ҳамадонӣ ду кӯдаки пиёдагарди соли таваллуди ҳардуяш 2012 зери чархи мошинҳои роҳгузар ҷон бохтанд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button