ВидеоХабарҳои кӯтоҳ

70 ҲАЗОР ДОЛЛАРИ ЯК ЗАН АЗ БОХТАРРО БО ВАЪДАИ ХОНА ДАР ПОЙТАХТ ГИРИФТААНД…

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон аз ошкор шудани боз як ҷинояти қаллобӣ ба маблағи хеле бузург ҳангоми харидуфурӯши хонаҳо дар пойтахт хабар дод.

Бино ба иттилои вазорат, ба ШВКД дар ноҳияи И.Сомонӣ бо ариза зани 34-солаи сокини шаҳри Бохтар муроҷиат намудааст, ки санаи 20-уми декабри соли 2016, марди 38-солаи сокини пойтахт бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада, аз ӯ 70 ҳазору 800-доллари амрикои гирифта ваъда додааст, ки аз хиёбони Рӯдакӣ аз бинои навбунёд хуҷраи истиқоматӣ гирифта медиҳад, аммо то ҳол ваъдаашро иҷро накардааст.
Аз рӯи ин ҳодиса тафтишот идома дорад. Ба сокини Душанбе бар асоси моддаи 247 Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон барои қаллобӣ ба маблағи хеле бузург ҳукми зиндон ваё (дар сурати ҷуброни зарар) ҷарима таҳдид мекунад.

Вақтҳои охир ҳолатҳои қаллобӣ ҳангоми хариду фурӯши хонаҳо дар Тоҷикистон зиёд шудааст.

Тоза як рӯз қабл ВКД хабар дода буд, ки ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ кормандони милитсия зани 50-солаи сокини шаҳри Душанберо бо гумони қаллобӣ дастгир кардаанд.

Номбурда, моҳи декабри соли 2021, бо роҳи фиреб ба боварии марди 53-солаи сокини пойтахт даромада, аз ӯ хонаи истиқоматӣ, воқеъ дар кӯчаи Зарафшонро ба маблағи 350 ҳазор сомонӣ харидорӣ намуда, ваъда додааст, ки дар муддати кӯтоҳ маблағашро бармегардонад. Аммо зан хонаи мазкурро ба дигар шахс фурӯхта, маблағашро то ҳол барнагардонидааст”,  -гуфта мешавад дар хабар.



Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button