ВидеоХабарҳои кӯтоҳ

СУБҲИ 5 ИЮЛ БАДАХШОНРО ЗАМИНЛАРЗАИ 4,5-БАЛЛӢ ТАКОН ДОД

Марказҳои байналмилалии зилзиланигорӣ хабар доданд, ки субҳи 5 июли соли 2022, соати 10:08 ба вақти маҳаллӣ як заминларзаи дигаршарқи Тоҷикистонро ларзонд. Бино ба хабарҳо, шиддати заминларза дар марказаш – 83-километрии шимолу ғарби маркази ноҳияи Мурғоби Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон  – тибқи ҷадвали Рихтер, 4,5 баллро ташкил додааст.  Дар бораи кадом талафоту хисорот бар асари ин офати табиӣ то ҳол гузориш нашудааст.

Тоҷикистон дар як минтақаи зилзилахези қораи Осиё ҷойгир шуда, ҳар сол дар қаламраваш садҳо заминҷунбӣ сабт мешавад. Аз ҷумла марказҳои зилзиланигорӣ танҳо дар як ҳафтаи охир дар қаламрави Тоҷикистон 3 заминларзаи шиддаташ тибқи ҷадвали Рихтер аз 1,5 балл зиёд, дар як моҳи охир 25 чунин заминларза ва дар як соли охир 231 заминларзаро сабт кардаанд.

Ёдовар мешавем, 10 июли соли 2021 бар асари заминларза дар водии Рашт 5 сокини ноҳияи Тоҷикобод ба ҳалокат расида, дар ин ноҳия ва ноҳияи Рашт беш аз 200 хона хароб шуданд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button