Дин ва боварҳоХабарҳои кӯтоҳ

ҚАРОРИ ШӮРОИ УЛАМО: ИДИ ҚУРБОН ДАР ТОҶИКИСТОН РӮЗИ 9 ИЮЛ ТАҶЛИЛ МЕШАВАД

  Шӯрои уламои Маркази исломӣ (собиқ муфтиёт)-и Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзи 4 июли соли 2022 дар ҷаласаи навбатии худ дар бораи муайян кардани рӯзи иди саиди Қурбон қарор қабул кард. Раиси Шӯрои уламо Саидмукаррам Абдуқодирзода аъзои Шӯроро ба муносибати даҳаи Зулҳиҷҷа ва омад-омади иди саиди Қурбон табрику таҳният  кард ва гуфт, мувофиқи далелҳои илмӣ ва дар асоси хулосаи Институти астрофизикаи Академияи миллии илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзи Иди саиди Қурбон дар кишвар ба рӯзи шанбе 9-уми июл рост меояд.

          Пас аз баррасии масъалаҳо Шӯрои уламо чунин қарор намуд:

  1. Мувофиқи ҳисоби илмӣ Иди саиди Қурбон дар тамоми қаламрави ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзи шанбе 9-уми июли соли 2022 таҷлил карда шавад.
  2. Вақти баргузоршавии намози иди саиди қурбон соати 06:00 дақиқа муайян карда шавад.

        Дар иттилоияи расмӣ гуфта мешавад, ки дар анҷоми ҷаласа раиси Шӯрои уламо Саидмукаррам Абдуқодирзода аз аъзои Шӯро ва имомхатибон хостааст, ки дар мавъизаҳояшон роҷеъ ба неъмати бебаҳои сулҳу оромӣ суханронӣ намуда, дар дастгирии ятимону пиронсолон ва табақаи ниёзманди ҷомеа, рушду шукуфоии кишвари азиз саҳми худро гузоранд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button