Хабарҳои кӯтоҳ

ХОНАИ ЯК ДУХТАРРО ДУЗД ЗАДААСТ

Ба ШВКД дар шаҳри Бохтар бо ариза ҷавондухтари 22-солаи сокини шаҳри Душанбе муроҷиат намудааст, ки санаи 26-уми июни соли 2022, шахси номаълум бо роҳи пинҳонӣ ба хонаи истиқоматиаш даромада, аз он ҷо молу ашёи рӯзгорро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.
Зарари расонидашуда 15 ҳазору 570-сомониро ташкил медиҳад.
Зимни гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия, марди 33-солаи сокини шаҳри Душанбе ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти дуздӣ дастгир карда шуд.
Аз рӯи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button