МуҳоҷиронХабарҳои кӯтоҳ

ҲАМЛАИ МУСАЛЛАҲОНА БА ЯК МУҲОҶИРИ ТОҶИК ДАР ПЕТЕРБУРГ

Рӯзи 2 июли соли 2022 ду нафар шабона дар наздикии истгоҳи метрои “Владимирская” дар маркази шаҳри Санкт-Петербург ба сӯи як шаҳрванди Тоҷикистон тир кушодаанд. Пулис хабар дод, ки ҳардуро дастгир кардаанд.

Бино ба иттилои Сарраёсати корҳои дохилии шаҳри Санкт-Петербург ва вилояти Ленинград, рӯзи 2 июл ба пулис як шаҳрванди 32-солаи Тоҷикистон занг зада, хабар додааст, ки соати 11:40 дар кӯчаи Рубинштейн байни ӯ ва ду марди ношинос муноқиша рух додааст ва яке аз онҳо ба тарафи вай як тир холӣ кардааст. Бахди ин он ду ҳамлагар тавассути тангкӯчаи Шербаков ба сӯи истгоҳи метрои “Владимирская” фирор кардаанд.

Кормандони пулис аз ҷабрдида нишонаҳои он ду ҳамлагарро гирифта, ба ҷустуҷӯи онҳо пардохтанд ва алакай баъди 20 дақиқа ҳардуро дар назди бинои №16 дар хиёбони Загородний, тақрибан якуним километр дуртар аз ҷои ҳодиса дастгир кардаанд. Ин ду нафарро, ки 34 ва 33 сол дошта, зодагони вилоятҳои Ростов ва Тамбов будаанд, ба пулис овардаанд. Аз яке аз онҳо тирандози тамғаи “Сигнал охотника” бо се тир гирифта шудааст.

Дар робита ба ин ҳодиса бо иттиҳоми авбошӣ парвандаи ҷиноятӣ кушода, нафареро, ки тир холӣ карда буд, ба ҳабси пешакӣ гирифтаанд.

Вале, бино ба иттилои нашрияи маҳаллии “Невские новости”,  кормандони пулис муҳоҷири ҷабрдидаро ҳам ба ҷавобгарӣ кашондаанд. Маълум шудааст, ки ин шаҳрванди Тоҷикистон дар қаламрави Русия ғайриқонунӣ қарор доштааст. Нисбат ба вай бо иттиҳоми вайрон кардани қоидаҳои будубош дар Русия протокол тартиб додаанд. Ба ӯ ихроҷ аз Русия таҳдид мекунад.

Пусковое устройство Сигнал Охотника

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button