ҲАМЛАИ ДУ ТОҶИК ВА ЯК ӮЗБЕК БА ЗИНДОНБОН ДАР СИЗО №7 ДАР КАНОРИ МАСКАВ

Рӯзи 21 июни соли 2022 дар боздоштгоҳи №7 (СИЗО №7) вилояти Маскав бори аввал дар солҳои охир ҳамла ба зиндонбон сурат гирифтааст. Дар ин бора нашрияи МК.РУ хабар дод. СИЗО №7 дар шаҳри Егоревск, дар тақрибан 110-километрии ҷанубушарқи шаҳри Маскав ҷойгир шудааст.
Бино ба иттилои “МК”, ин ҳодиса танҳо баъди чанд рӯз, вақте ки яке аз хешовандони яке аз маҳбусони дар пайи он ҳодиса ба картсер андохташуда ба хабарнигорон шикоят кард, ошкор шуд.
Бино ба иттилои “МК”, “ду шаҳрванди Тоҷикистон ва як шаҳрванди Ӯзбекистон нақша кашидаанд, ки ба корманди СИЗО ҳамла мекунанд. Вақте ки зиндонбон онҳоро барои сайругашт ба ҳавлӣ баровард, онҳо ба зиндонбон ҳамла оварда, ӯро зери мушту лагат гирифтанд. Нозир тавонистааст худро халос карда, дигаронро ба кумак даъват кунад. Маҳбусони ошӯбгарро дастгир карданд. Маълум нест, ҳадафи онҳо чӣ буд? Бино ба як фарзия, онҳо мехостанд фирор кунанд. Бино ба фарзияи дигар, онҳо дастури яке аз “авторитет”-ҳои олами ҷиноиро иҷро мекарданд.“
Нашрия менависад, ки маҳбусон ҳатто агар зиндонбонро гаравгон ҳам гирифта, калиди боздоштгоҳро аз дасташ кашида мегирифтанд, имкони фирор надоштанд: баромадгоҳи СИЗО бо шабакаи муосири шиносоии шахсият муҷаҳҳаз гардонда шудааст.
Дар бораи ин ки шаҳрвандони Тоҷикистону Ӯзбекистон бо чӣ иттиҳомоте дар боздоштгоҳи №7 қарор доштанд?, дар хабар чизе гуфта нашудааст.
Ҳоло масъалаи ифтитоҳи парвандаи нави ҷиноӣ ба зидди онҳо бар асоси ду моддаи Кодекси ҷиноятии Русия бо иттиҳоми ҳамла ба намояндаи давлат ва ба ҳам задани кори муассисаҳои махсус дар дасти баррасӣ қарор дорад.
Бино ба омори расмии ФСИН, то 1 январи соли 2021 дар зиндонҳои Русия беш аз 7 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон адои ҳукм мекарданд ва беш аз 1200 зодаи дигари Тоҷикистон дар интизори баррасии парвандаҳояшон дар боздоштгоҳҳои Русия қарор доштанд.




