ИқтисодХабарҳои кӯтоҳ

БОНКИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН ТАНГАҲОИ НАВРО БА МУОМИЛОТ БАРОВАРД

Шуъбаи матбуоти Бонки миллии Тоҷикистон хабар дод, ки бо мақсади таъмин намудани иқтисодиёт бо нишонаҳои пулӣ, дар асоси қарори Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон аз 30 июни соли 2022, №83, аз санаи 01 июли соли 2022  тангаҳои “сомонӣ” бо арзиши номиналии 1, 3, 5 сомонӣ ва “дирам” бо арзиши номиналии 50 дирам, барориши соли 2022 ба муомилот бароварда мешавад.

Ин тангаҳои сохти соли 2022 дар қатори тангаҳое, ки дар муомилот қарор доранд, баробар гардиш менамоянд.

Департаменти муомилоти пулӣ ва амалиёти хазинадории Бонки миллӣ  уҳдадор карда шудааст, ки барои ҳамлу нақл, баҳисобгирӣ ва ташкилии шароит ҷиҳати ба муомилот баровардани тангаҳои барориши соли 2022 чораҳои заруриро андешад.

Тоҷикистон охирин кишвари Шӯравии собиқ буд, ки пули миллии худро ба муомилот баровард. Дар Тоҷикистон то соли 1995 пулҳои Шӯравии собиқ дар муомилот қарор доштанд. Соли 1995 Тоҷикистон муваққатан пули рублро ба муомилот баровард, ки мисли рублҳои Шӯравӣ буд ва аз номи он танҳо аломати ҷудоӣ бардошта шуда буд.

Танҳо 1 октябри соли 2000 Бонки миллии Тоҷикистон пули миллии сомониро ба муомилот баровард. Тангаҳои пули миллӣ дирам ном гирифтанд.  Вале ҳоло пули дирам дар муомилоти нақдӣ тақрибан дар гардиш қарор надорад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button