ВидеоМинтақа ва ҷаҳонМуҳоҷирон

РУСИЯ 47 ҲАЗОР ШАҲРВАНДИ ҚИРҒИЗИСТОНРО АФВ КАРД ВА АЗ “ЗАПРЕТ” БАРОВАРД

Вазорати корҳои хориҷии Қирғизистон рӯзи 2 июли соли 2022 хабар дод, ки Русия барои ҳудуди 47 ҳазор шаҳрванди Қирғизистон, ки ба сабаби ягон қонуншикании реза аз ҳаққи сафар ба Русия маҳрум гардида буданд, дигарбора иҷозати сафар додааст. Ба ин тартиб, дар рӯйхатти сиёҳи Русия танҳо 35 ҳазор шаҳрванди Қирғизистон ҳамчунон мамнӯъулвуруд боқӣ мондаанд. Як қисми онҳо муҳоҷиронеанд, ки бо ҳукми додгоҳҳои Русия ихроҷ карда шудаанд. Ёдовар мешавем, дар як соли охир даҳҳо муҳоҷири қирғиз барои иштирок дар занозаниҳои оммавӣ, аз ҷумла барои занозанӣ бо муҳоҷирони тоҷик, аз Русия ихроҷ карда шуданд.

Вазорати хориҷаи Қирғизистон дар иттилоияаш гуфт:  “Дар натиҷаи музокираҳои сатҳи олӣ дар моҳи майи соли 2022 пиромуни вазъи ҳуқуқии шаҳрвандони Қирғизистон дар Русия ва бубубоши қонунии онҳо рӯйхатти шаҳрвандони қирғизе, ки аз ҳаққи сафар ба Русия маҳрум гардида буданд, ба таври қобили мулоҳиза коҳиш дода шуд. Дар натиҷаи ҳамкории вазорати хориҷаи Қирғизистон бо мақомоти Русия, маҳдудият барои сафари ҳудуди 47 ҳазор сокини Қирғизистон, ки ба қонуншиканиҳои “хурду реза” роҳ дода буданд, бардошта шуд. Феълан дар рӯйхатти афроди мамнӯъулвуруди Русия наздики 36 ҳазор сокини Қирғизистон боқӣ мемонанд. Аз ҷумла онҳое, ки бо ҳукми додгоҳҳои Русия ихроҷ карда шудаанд.”

Моҳи сентябри соли 2021 Русия ба 120 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон, ки ба далели ягон қонуншикании хурд аз ҳаққи убури марзи Русия маҳрум карда шуда буданд, низ дигарбора ҳаққи сафар ба ин кишварро дода буд.

Алексей Егоров, намояндаи вазорати корҳои дохилии Русия дар Тоҷикистон рӯзи 27 декабри соли 2021 дар  нишасти хабариаш гуфт: “Дар чорчӯби як қатор созишномаҳои моҳи сентябри соли 2021 имзошуда ба истилоҳ афв ё амнистияи шаҳрвандони Тоҷикистон, ки ба далели қонуншиканиҳои хурду реза аз ҳаққи сафар ба қаламрави Русия маҳрум шуда буданд, гузаронда шуд. Дар ҷараёни он 120 ҳазор нафар мавриди афв қарор гирифтанд”.

Ба гуфтаи Егоров, ба ҳамаи ин 120 ҳазор нафар алакай иҷозати сафар ба Русия дода шудааст ва шаҳрвандон метавонанд будан ё набудани исми худ дар рӯйхатҳои сиёҳи Русияро дар сомонаи сарраёсати масоили муҳоҷирати ВКД Русия пеш аз азми сафар тафтиш кунанд.

ДИҚҚАТ!

Барои тафтиши номи худ, ки оё таҳти “запрет” барои сафар ба Русия қарор доред ё на, ба ин суроға бидароед ва ному насаб ва дигар маълумоти худро бинависед:

http://xn--b1afk4ade4e.xn--b1ab2a0a.xn--b1aew.xn--p1ai/info-service.htm?sid=3000

Алексей Егоров гуфт, бахши аъзами шаҳрвандони Тоҷикистон ба сафорати Русия маҳз пиромуни ҳамин масъала муроҷиат мекунанд.

Чанд сол пеш шумори шаҳрвандони тоҷике, уи ба рӯйхатҳои сиёҳи Русия афтода, ба сабаби “запрет” ба он кишвар сафар карда наметавонистанд, аз 300 ҳазор нафар гузашта буд. Солҳои охир мавҷи ихроҷҳо аз Русия зоҳиран камтар шуд, вале афви якбора 120 ҳазор муҳоҷири тоҷик нишон медиҳад, ки шумори афроди таҳти “запрет” ҳамчунон хеле зиёд будааст.

Барои Тоҷикистон ва ҳамчунин барои Қирғизистону Ӯзбекистон, се кишвари муҳоҷирфиристи Осиёи Марказӣ, ки рӯзгори аксари хонаводаҳояшон аз ҳисоби пули фиристодаи азизони муҳоҷирашон мечархад,  таҳти “запрет” афтодан ва аз ҳаққи сафар ба Русия маҳрум шудани ҳар муҳоҷир ба маънои аз як манбаи муҳими таъмини зиндагиаш маҳрум шудани дастикам як хонавода аст. Соли 2021 аз Русия ба ин се кишвар ва асосан бо шарофати муҳоҷиронашон қариб 9 миллиард доллар пул ирсол шуда буд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button