ВидеоМинтақа ва ҷаҳон

МИРЗИЁЕВ ХУДАШ БА НУҚУС ОМАД ВА ТАЛАБИ ЭЪТИРОЗГАРОНИ ҚАРОҚАЛПОҚИСТОНРО ПАЗИРУФТ (ВИДЕО)

Президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев рӯзи 2 июли соли 2022 худаш шахсан барои ҳалли буҳрони бархоста дар Ҷумҳурии Қароқалпоқистон ба маркази маъмурии ин минтақаи мухтор дар ҳайъати Ӯзбекистон омад ва талаби эътирозгарони қароқалпоқро пазируфт. Рӯзи 1 июл дар бозори Нуқус гирдиҳамоии оммавӣ бо иштироки чанд ҳазор нафар доир шуд. Эътирозгарон аз матни Қонуни асосии Ӯзбекистон гирифта шудани ибораҳои марбут ба мустақилияти Қароқалпоқистон ва ҳаққи мардумаш ба ҷудо шудан аз Ӯзбекистонро қабул надоштанд.

Шерзод Асадов, сухангӯи президенти Ӯзбекистон дар Телеграм хабар дод, ки Шавкат Мирзиёев талаби асосии эътирозгаронро пазируфтааст.

“Ҳоло мулоқоти роҳбари давлат бо вакилони Жокарги Кенес, намояндагони насли солманд ва фаъолони Қароқалпоқистон ҷараён дорад. Бо назардошти онки раванди муҳокимаи тағйирот ва иловаҳо ба Қонуни асосӣ ҳанӯз идома дорад, ҳамчунин бар асоси омӯзиши фикри сокинони Қароқалпоқистон, президент (Мирзиёев) ба зарурати бидуни тағйирот нигоҳ доштани матни кунунии моддаҳои 70, 71, 72, 74, 75 дар Қонуни асосии Ҷумҳурии Ӯзбекистон таъкид кард.”

Рӯзи 1 июли соли 2022 дар шаҳри Нуқус, маркази маъмурии Ҷумҳурии Қароқалпоқистон, як минтақаи мухтори тобеи Ӯзбекистон ба сабаби аз тарҳи нави Қонунии асосии Ӯзбекистон бардошта шудани ибораҳои “истиқлолияти Қароқалпоқистон” ва “ҳаққи мардуми Қароқалпоқистон ба ҷудошавӣ аз Ӯзбекистон тавассути райъпурсии саросарӣ (референдум)” эътирозҳои густарда ба амал омад. Дар ин намоишҳо, тавре дар сабтҳои видеоӣ дида мешуд, чандин ҳазор нафар иштирок карда, бо талаби ҳифзи истиқлолияти Қароқалпоқистон ва ҳаққи мардуми он ба талаби истиқлол шиор задаанд.

Вазорати корҳои дохилии Ӯзбекистон шоми 1 июл эътирозҳоро натиҷаи “тафсири нодурусти ислоҳоти Қонуни асосӣ” номид ва гуфт, “шаҳрвандони алоҳида” издиҳомро ба эътирозҳо таҳрик додаанд. Рӯзи 2 июл парлумон, ҳукумат ва ВКД Қароқалпоқистон дар як изҳороти муштарак гуфтанд, ки “ташкилкунандагони бетартибиҳои оммавӣ ва онҳое, ки ба мақомот муқовимати фаъолона нишон доданд, дастгир шуданд”. Бино ба ин изҳорот, ташкилкунандагони эътироз мехостанд ҳукуматро дар Қароқалпоқистон ғасб кунанд.

Радиои Озодлик хабар дод, ки эътирозҳои оммавӣ дар Нуқус дар пайи боздошти ҳуқуқшинос Давлатмурод Тоҷимуродов оғоз ёфт. Ҳомии ҳуқуқ аз Қароқалпоқистон Азимбой Отаниёзов ба Озодлик гуфт, Тоҷимуродов ба мақомоти расмӣ дар мавриди рӯзи 5 июл дар Нуқус барпо кардани митинги осоишта пиромуни тағйироти ворида ба Қонуни асосии Ӯзбекистон муроҷиат карда буд.

Моддаи 70 дар Қонуни асосии кунунии Ӯзбекистон мақоми ҷумҳурии Қароқалпоқистонро чунин баён мекунад: “Ҷумҳурии мустақили Қароқалпоқистон ба ҳайъати Ҷумҳурии Ӯзбекистон шомил мешавад. Истиқлоли Ҷумҳурии Қароқалпоқистон аз ҷониби Ҷумҳурии Ӯзбекистон ҳимоят карда мешавад”.

Аммо дар тарҳи нави Қонуни асосии Ӯзбекистон, ки рӯзи 26 июн ба маърази муҳокимаи умум гузошта шуд, моддаи 70 ба чунин мазмун таҳрир хӯрдааст: “Ҷумҳурии мустақили Қароқалпоқистон ба ҳайъати Ҷумҳурии Ӯзбекистон шомил мешавад. Дар қаламрави Ҷумҳурии Қароқалпоқистон  тамоми ҳуқуқ ва озодиҳое, ки Қонуни асосӣ ва қонунҳои Ҷумҳурии Ӯзбекистон пешбинӣ карданд, кафолат дода мешаванд”.

Дар моддаи 74 дар Қонуни асосии кунунии Ӯзбекистон чунин омадааст: “Ҷумҳурии Қароқалпоқистон ҳаққи баромадан аз ҳайъати Ҷумҳурии Ӯзбекистонро дар асоси райпурсии саросарии мардуми Қароқалпоқистон дорад”.

Вале дар тарҳи нави Қонуни асосӣ ин модда чунин таҳрир хӯрдааст: “Ҷумҳурии Қароқалпоқистон дар қаламраи худ ҳукумати иҷроия ва додгоҳиро бар асоси Қонуни асосӣ ва қонунҳои Ҷумҳурии Ӯзбекистон, Қонуни асосӣ ва қонунҳои Ҷумҳурии Қароқалпоқистон амалӣ мекунад. Раиси Жогорку Кенеши Ҷумҳурии Қароқалпоқистон мақоми олии давлатии Ҷумҳурии Қароқалпоқистон ба шумор меравад”.

Мақомоти Ӯзбекистон то кунун сабаби аз тарҳи нави Қонуни асосӣ бардоштани ибораҳо дар бораи истиқлоли Қароқалпоқистон ва ҳаққи он барои хуруҷ аз ҳайъати Ӯзбекистонро шарҳ надодаанд.

Қароқалпоқистон то соли 1936 ҳамчун ҷумҳурии мухтор дар ҳайъати Русия (РСФСР) буд ва соли 1936 ҳамчун ҷумҳурии мухтор ба ҳайъати Ӯзбекистон дода шуд. Соли 1992 он ба Ҷумҳурии Қароқалпоқистон табдили ном кард.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button