ВидеоҶомеа

МАРГИ МАНОРА БО 26 ЗАХМИ КОРД. ДОДСИТОНӢ МЕГӮЯД, ХУДКУШӢ БУД, НА КУШТОР

Додситонии кулли Тоҷикистон рӯзи 2 июл дар як иттилоия аз ҷониби ин ниҳод таҳти тафтиши дигарбора қарор гирифтани парвандаи аз ҷароҳатҳои сершумори халандаю буранда ба ҳалокат расидани сокини 25-солаи ноҳияи Файзобод  Абдуалимзода Манораи Абдуфаттоҳро тасдиқ кард, вале гуфт, ки ин ҷавонзани модари се фарзанд худкушӣ кардааст. Додситонӣ гуфт, ин ҳодиса бар асоси қисми якуми моддаи 109 Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон бо иттиҳоми ба худкушӣ расондан тафтиш шуда истодааст.  Ин дар ҳолест, ки Абдуфаттоҳ Мисоқов, падари Манора исрор меварзад, ки духтарашро куштаанд. Ӯ аз ҷумла вуҷуди 26 захми корд дар бадани Манораро далел меорад ва мегӯяд, як инсон наметавонист ба бадани худаш 26 зарбаи корд бизанад.


Додситонии кулл дар шарҳи ин парванда менависад: “Тафтиши пешакӣ муайян кард, ки 22 июни соли 2021 соати 17:10 дар ноҳияи Файзобод, кӯчаи М.Шоев, бинои 18 ҳуҷраи 11 қарор доштанаш, бинобар муомилаи бераҳмонаи наздикон бо истифода аз корди ошхонагӣ ба мавзеи гардан ва шиками худ зарбаҳои халанда ва буранда зада, он сабаби хунравии шадид гаштааст.

     Баъди 25-30 дақиқа Мисоқова У.А. (аммаи ҷабрдида), ки дар рӯбарӯи Абдуалимзода М.А. дар ҳуҷраи 10 зиндагонӣ мекард, бо дигар ҳамсояҳо ӯро дар ҳолати беҳушӣ дарёфт кардааст.

    Мисоқова У.А. бародар ва хоҳари Абдуалимзода М.А-ро даъват карда, бо кумаки онҳо ва духтурони ёрии таъҷилӣ баъди 10-15 дақиқа номбурдаро ба беморхонаи марказии ноҳияи Файзобод дастрас кардаанд. Бо вуҷуди андешидани кумаки аввалияи тиббӣ Абдуалимзода М.А. бинобар хунравии зиёд фавтидааст.”

Додситонии кул меафзояд, ки баъди марги Манора, падараш  Мисоқов Абдулфатоҳ Абдуалимович аз Федератсияи Русия омада, бино бар дар бадани духтараш Абдуалимзода М.А. ҷой доштани ҷароҳатҳои сершумор хостори таҳқиқи фарзияи куштори ӯ шудааст.

Вале, мегӯяд Додситонии кул, “айни ҳол, бо гузаронидани амалҳои зиёди тафтишотӣ ва экспертизаҳои судии гуногун, муайян карда шудааст, ки сабаби марги Абдуалимзода М.А. хунравӣ аз 3 ҷароҳати халанда ва бурандаи дар мавзеи гардан ва шикам бардоштаи ӯ гаштааст. Захму харошаҳои дигари дар бадани Абдуалимзода М.А. бисёру бо ҳам паралел ва сатҳӣ буда, сабаби марг шуда наметавонанд ва онҳо аз тарафи худи ӯ расонида шудаанд.”

Аз Манораи Абдуфаттоҳ, ки ҳамагӣ 25 сол дошт, 3 фарзанд ятим монд. Замони марги ӯ шавҳараш дар муҳоҷирати корӣ дар Русия қарор дошт.

Ҳар сол дар Тоҷикистон то 600 худкушӣ ё қасди худкушӣ сабт мешавад. Бештар аз нисфи қурбониҳои худкушиҳо занону духтарон буда, дар баробари мушкилоти иқтисодию иҷтимоӣ, муноқишаҳои оилавӣ, аз ҷумла хушунат дар оила, аз сабабҳои умдаи худкушиҳо дар Тоҷикистон ном бурда мешаванд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button