ҲАРОРАТИ ҲАВО ДАР ТОҶИКИСТОН ТО 47 ДАРАҶА БОЛО РАФТА, ЧАНГБОД ДАР РОҲ АСТ

Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон бо нашрия як огоҳӣ хабар дод, ки рӯзҳои 1 то 4 июли соли ҷорӣ дар ҷумҳурӣ ҳавои гарм бо ҳарорати баландтарини рӯзонаи ҳаво дар водиҳо то 40+430 гарм, дар ноҳияҳои ҷанубӣ то 45+47 дараҷа гарм, дар минтақаҳои алоҳидаи кӯҳӣ ва доманакӯҳӣ то 35+40 дараҷа гарм (дар ноҳияи Дарвоз то +42 дараҷа гарм) боқӣ мемонад.
Рӯзҳои 4-5 июл дар ноҳияҳои алоҳида эҳтимолияти вазиши шамол бо суръати то 13-18м/с, дар баъзе ҳолатҳо шиддат гирифта то 20-25м/с вазида, бо истиснои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, дар дигар манотиқ тӯфони чангу ғубор (чангбод, ё боди афғонӣ) ба амал меояд.
Рӯзҳои 1-4 июл бо сабаби баландшавии ҳарорати ҳаво дар ҳавзаи дарёҳои Зарафшон, Панҷ ва Вахш баландшавии сатҳи оби дарёҳо пешгӯӣ шуда, дар минтақаҳои кӯҳӣ ва баландкӯҳи ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва ғарби Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон сар задани селҳои пиряхӣ аз эҳтимол дур нест.