Хабарҳои кӯтоҳҲодиса

ҲАЛОКАТИ ЯК ҶАВОНЗАН ДАР САДАМА ДАР КАНОРИ ШАҲРИ КӮЛОБ

29-уми июни соли 2022, тахминан соати 19:40-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи “Дэу сиело”, Нурмадов Амрохон, соли таваллудаш 1955, сокини шаҳри Кӯлоб, ҳангоми ҳаракат дар деҳаи В.Шамсов, аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада ба автомашинаи тамғаи “Опел-Астра”, таҳти идораи Ҳафиззода Баҳриддин Мирзо, соли таваллудаш 1997, сокини ноҳияи Муъминобод бархурдааст.
Дар натиҷа мусофири автомашинаи тамғаи “Опел-Астра”, Қурбонмадова Сафиямо Бобоевна, соли таваллудаш 1986, сокини шаҳри Кӯлоб, ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта дар беморхона ба ҳалокат мерасад.
Аз рӯи ин ҳодиса таҳқиқот идома дорад.

Роҳҳои Тоҷикистон аз лиҳози садамаҳо пурхатар дониста мешаванд. Бино ба омори расмии ВКД Тоҷикистон, соли 2021 бар асари 1102 садамаи нақлиётӣ  дар роҳҳои ҷумҳурӣ 395 нафар ба ҳалокат расида, 1 218 нафар ҷароҳати ҷисмонӣ бардоштаанд. Суръати баланди ҳаракат ва риоя накардани қоидаҳои ҳаракат дар роҳ, ҳамчунин роҳҳову мошинҳои фарсуда аз иллатҳои умдаи садамаҳо, аз ҷумла садамаҳои марговар дар роҳҳои Тоҷикистон ном бурда мешаванд. Вақтҳои охир ҳангоми рондани мошин истифода бурдани телефонҳои мобил ба як сабаби дигари умдаи садамаҳо, аз ҷумла садамаҳои марговар табдил ёфтааст.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button