Хабарҳои кӯтоҳ

СОКИНИ ДУШАНБЕРО БО ВАЪДАИ АЗ ГУРҶИСТОН ОВАРДАНИ 5 МОШИН БА МАБЛАҒИ 138 ҲАЗОР ДОЛЛАР ФИРЕБ ДОДААНД

Ба ШВКД дар ноҳияи Шоҳмансур бо ариза ҷавони 25-солаи сокини шаҳри Душанбе муроҷиат намудааст, ки моҳи октябри соли 2021, марди 42-солаи сокини пойтахт бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада, аз ӯ барои харидани 5-адад автомашинаҳои гуногун тамға аз Ҷумҳурии Гурҷистон, 138 ҳазор доллари амрикоӣ гирифта, то ҳол маблағашро барнагардонидааст.
Нисбати гумонбаршаванда парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 247 қисми 4 Кодекси ҷинояти Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button