Хабарҳои кӯтоҳҲодиса

МАРГИ ДУ ЗАН ДАР ДУ САДАМА ДАР ПОЙТАХТ ВА ДАР ҚОСИМОБОД

ВКД Тоҷикистон хабар дод, ки рӯзҳо 28 ва 29 июни соли 2022 дар ду садама дар роҳҳои ҷумҳурӣ ду зани як 63-сола ва якеи дигар 38-сола ба ҳалокат расидаанд.

28-уми июни соли 2022, тахминан соати 22:00, ронандаи автомашинаи тамғаи «Опел-Вектра», Муртазоев Зоиршо Маҳмадмуродович, соли таваллудаш 1990, сокини шаҳри Кӯлоб, ҳангоми ҳаракат дар кӯчаи Б.Абай пойтахт, аз ӯҳдаи идораи воситаи нақлиёташ набаромада, пиёдагардон: Аралова Бахтиниссо Тоштемуровна, соли таваллудаш 1980 ва Каримов Тағоймурод Раҷабалиевич, соли таваллудаш 1959, сокинони пойтахтро пахш намудааст.
Дар натиҷа пиёдагардон ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидаанда, Аралова Б.Т. дар беморхона ба ҳалокат расидааст.
29-уми июни соли 2022, тахминан соати 07:00, ронандаи автомашинаи тамғаи “БМВ”, Иззатов Рустамшоҳ Нуриддинович, соли таваллудаш 1982, сокини шаҳри Душанбе, ҳангоми ҳаракат дар деҳаи Қосимободи ноҳияи Рӯдакӣ, дар роҳи дуюмдараҷа ба роҳи асосӣ баромада, ба автомашинаи тамғаи “Опел-Астра”, таҳти идораи Ҳакимов Ахмед Шарҳиддинович, соли таваллудаш 1995, сокини ноҳияи мазкур бархӯрда, чаппа шудааст.
Дар натиҷа мусофири дохили автомашинаи тамғаи “Опел-Астра”, Ҳайитова Манзура Гулмаҳмадовна, соли таваллудаш 1984, ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидааст.

Ҳар сол бар асари садамаҳо дар роҳҳои Тоҷикистон то 400 нафар ба ҳалокат расида, беш аз 1200 тани дигар маъюб мешаванд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button