ВидеоҶомеа

ФАВРӢ! ДАР ПАЛОС ЯК ҶАВОНЗАН ҲАМРОҲИ ДУ ТИФЛАШ ХУДКУШӢ КАРДААСТ

Манобеи пойгоҳи хабарии “Бомдод” хабар доданд, ки як ҷавонзани соли таваллудаш 1995 шаби 29 ба 30 июни соли 2022 худро ҳамроҳи ду тифли хурдсолаш дар мавзеи Палоси ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ба Сирдарё партофтааст. Тифлони ин зани 27-сола  якеаш 6 сол ва дуюмӣ ҳамагӣ дуюним сол доштаанд.

Дар натиҷаи ҷустуҷӯ сокинон ва мақомоти зидахл ҷасади зан ва як тифлашро аз об баровардаанд ва баъди намози аср намози ҷаноза ва маросими дафни онҳо доир мешавад. Ҷустуҷӯи тифли дуюм ҳанӯз идома дорад.

Тафсилоти дигари худкушии ин зан ҳамроҳи фарзандонаш дастрас нест. Як манбаи “Бомдод” гуфт, ин ҷавонзан, ки худ аз ҷамоати Унҷӣ буда, ба як сокини Палос издивоҷ карда буд, баъди муноқишаи оилавӣ худрову кӯдаконашро ба об партофтааст.

Палос дар ҳудуди ҷамоати ба номи Дадобой Холматови ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, дар тақрибан 10-километрии шимолу шарқи шаҳри Хуҷанд дар наздикии дарёи Сир ва Баҳри Тоҷик (обанбори Қайроққум) ҷойгир шудааст.

Ҳар сол дар Тоҷикистон то 600 худкушӣ ва қасди худкушӣ сабт мешавад. Мушкилоти иҷтимоиву иқтисодӣ ва ҷанҷолҳои оилавӣ сабабҳои асосии худкушиҳо дар Тоҷикистон ном бурда мешаванд.

Мавридҳои ҳамроҳи фарзандонашон худкушӣ кардани занон дар Тоҷикистон ангуштшумор аст, вале дар солҳои пеш чанд чунин мавриди худкушии оилавӣ сабт шудааст.

Аз ҷумла 16 августи соли 2020 як ҷавонзани 30-сола аз шаҳраки Ғарм, маркази ноҳияи Рашт  дар пайи як муноқишаи оилавӣ худро ҳамроҳи се фарзанди хурдсолаш: писари 9-сола ва духтарчаҳои 6- ва 3-солааш ба дарёи Сурхоб партофта буд. Тавре баъдан маълум шуд, шавҳараш дар суҳбати телефонӣ аз Русия ҳамсарашро ба хиёнат гумонбар дониста, ба инки се фарзандашон аз ӯянд, шак кардааст. Зан аз сари қаҳр  ба лаби дарё рафта, пеш аз худашро бо кӯдаконаш ба об партофтан ба шаавҳараш занг зада гуфтааст, ки барои исботи бегуноҳиаш худашро бо кӯдаконаш мекушад.

Бибисайрам Холова

Субҳи 7 майи соли 2018 Бибисайрам Холова, сокини деҳаи Сунбула дар Ҳисор худро ҳамроҳи ду кӯдаки хурдсолаш – Суҳбатуллои чорсола ва Неъматуллои дусола – ба дарёи Кофарниҳон партофта, худкушӣ кард. Соли 2019 додгоҳи Ҳисор шавҳари ӯ  Фатҳулло Шариповро бо ҷурми ба худкушӣ расондани ҳамсараш ба 5 соли зиндони низомаш пурзӯр маҳкум кард. Додситонии кулли Тоҷикистон дар шарҳи ин парванда гуфт, Фатҳулло Шарипов нисбат ба ҳамсар ва фарзандонаш муомилаи сангдилона намуда, онҳоро бо хӯрока ва либоса таъмин накарда, мунтазам шаъну эътиборашонро паст зада, фишору зӯроварӣ мекард ва ҳамин боис шуд, ки Бибисайрам Холова ба сангдилиҳои шавҳар тоб наоварда, ҳамроҳи фарзандонаш даст ба худкушӣ зад.

Дар соли 2016 Зӯҳро Маҳмуродова, сокини 25-солаи шаҳри Норак худ ва чаҳор фарзандашро ба дарёи Вахш андохт, ки дар натиҷа ҳама ба ҳалокат расиданд.

Айнан бо ҳамин шева, моҳи сентябри соли 2015Саломат Пирова, сокини 23-солаи ноҳияи Вахш бо се тифлаш кӯшиши худкушӣ кард. Вай худро бо фарзандонаш ба дарёи Душанбе андохт. Худ модарро наҷот доданд, вале ҳарсефарзандаш ба ҳалокат расиданд.

Ҳамин тавр, дар моҳи июли соли 2015 сокини ноҳияи Ёвон Парвина Абдуллоева бо 3 тифлаш худро ба дарё андохт. Дар ин ҳодиса низ модар наҷот ёфт, вале кӯдаконаш ғӯррамарг шуданд. Парвина Абдуллоеваро барои ин ба 18 соли зиндон маҳкум карданд.

Парвина Абдуллоева

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button