ВидеоРӯйдодҳои БадахшонТоҷикистон

ДУ УЗВИ “КОМИССИЯИ 44” ВА ПАҲЛАВОНИ ШИНОХТА АЗ ХОРУҒ МАҲКУМ БА ЗИНДОН ШУДАНД

Додгоҳ дар Душанбе ду узви “Комиссияи 44”: Шафтолу Бекдавлатови 64-сола ва Хуҷамрӣ Пирмамадови 58-соларо ҳар кадомро ба муҳлати 18 сол маҳкум ба зиндон кард. Дар ин бораи хабарнигори зодаи Бадахшон Анора Саркорова хабар дод.

Бино ба иттилои ӯ, Бекдавлатов ва Пирмамадовро дар ташкили фаъолияти созмони ҷиноятӣ ва дарёфти кумаки молиявӣ аз хориҷа гунаҳкор донистаанд. Хуҷамрӣ Пирмамадов вазифаи сухангӯи “Комиссияи 44”-ро ҳам иҷро мекард. Анора Саркорова хабар дод, ки Бекдавлатов ва Пирмамадов дар ҷараёни тафтиш ба вакили мудофеъ дастрасӣ надоштанд, вале дар мурофиаи додгоҳӣ аз ҳуқуқи онҳо узви дигари “Комиссияи 44” Фаромӯз Иргашов, ки низ дар боздоштгоҳи КДАМ дар ҳабси пешакӣ қарор дорад, ҳимоят кардааст.

Чӣ гуна як нафаре, ки дар ҳабс ва таҳти фишори азими мақомот қарор дошта, имкони  омодагии лозим ба мурофиа, ҷамъоварии маълумот ва далелҳои исботкунандаро надорад, метавонист ба судшавандагон кумаки ҳуқуқӣ ва ҳимояти комил бирасонад? Бавижа бо дарназардошти иттиҳомоти бофтаи ба зидди фаъолони ҷомиаи шаҳрвандӣ эълоншуда ва ангезаҳои ошкоро сиёсии ин парвандаи ҷиноятӣ? ” – суол гузоштааст Анора Саркорова.

Ӯ бо такя ба манобеи огоҳ хабар додааст, ки яке аз шоҳидоне, ки ба зидди Бекдавлатов ва Пирмамадов дар додгоҳ маълумот дод, Муқбил Латипов, корманди мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва бародари раиси ҷамоати Тавдеми ноҳияи Роштқалъа Муқим Латипов будааст. Ёдовар мешавем, Гулбиддин Зиёбеков, ки куштори ӯ баъди боздошташ дар санаи 25 ноябри соли 2021 сабаби эътирозҳо дар Бадахшон шуд, низ аз деҳаи Тавдем буд.

Як хешованди Латиповҳо низ, бино ба иттилои Анора Саркорова, узви “Комиссияи 44” буд ва ҳамроҳи фаъолони дигар дастгир шуд, вале ӯро баъдан ҷавоб додаанд.

Моҳи май дар умум 13 узви “Комиссияи 44” дастгир гардида, аз ин шумон 9 нафарашро дар аввали моҳи июн аз Хоруғ ба Душанбе, ба боздоштгоҳи КДАМ интиқол доданд. Дар байни онҳо Фаромӯз Иргашов, Хурсанд Мамадшоев, роҳбари Анҷумани ҳуқуқшиносони Помир ва узви Эътилофи зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон Манучеҳр Холиқназаров, Музаффар Муборакшоев, Бахтовар Бахтиёров ва ду нафари ахиран маҳкумшуда Шафтолу Бекдавлатов ва Хуҷамрӣ Пирмамадов низ буданд.

“Комиссияи 44” моҳи ноябри соли 2021 аз ҷониби тазоҳургарон дар Хоруғ бо мақсади аз номи онҳо бо мақомот музокирот бурдан ва назорати иҷрои талаботи онҳо ташкил шуда буд. Он вақт тазоҳургарон танҳо баъди гирифтани ваъдаи бо муҳру имзои мақомот дар мавриди ёфтан ва ба ҷавобгарӣ кашондани афроди гунаҳкор дар қатли Зиёбеков ва ду сокини дигари Бадахшон хона ба хона пароканда шуданд.

Вале то имрӯз барои марги он се сокини Бадахшон касе ба ҷавобгарӣ кашида нашудааст. Моҳи майи соли 2022 мақомот эътирозҳои нав дар Бадахшонро бо истифода аз нирӯ саркӯб карданд. Дар натиҷа, беш аз 40 нафар кушта ва беш аз 120 тани дигар дастгир карда шуд. Дар ҷараёни амалиётҳои вижаи мақомот дар моҳҳои май ва июн 12 лидери ғайрирасмии ин вилояти мухтори воқеъ дар шарқи Тоҷикистон ҳам боздошт ваё кушта шуданд.

 была создана в ноябре 2021 года для ведения переговоров с властями и контроля за ходом выполнения их требования со стороны властей. Тогда протестующие разошлись по домам лишь после того как получили письменное обещание властей найти и привлечь к ответственности виновных в гибели Зиёбекова и еще убитых тогда двух жителей ГБАО.

Дар ҳамин ҳол, пойгоҳи хабарии Pamir Daily News хабар дод, ки як гуштингири шинохтаи зодаи Бадахшон Комрон Мамадназаров ҳам ба 5 соли зиндон маҳкум шудааст. Ӯ, ки дар мактаби варзишии Хоруғ ба ҳайси мураббии дзюдо ва самбо кор мекард, рӯзи 12 июн дар ҷараёни амалиёти вижа дар маҳаллаи УПД дастгир шуда буд. Мақомот ин ҳукмро ҳанӯз шарҳ надодаанд ва маълум нест, ки Мамадназаровро ба чӣ айбдор донистаанд?

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button