ВидеоДин ва боварҳоМуҳоҷирон

9 СОЛ ҲУКМИ ЗИНДОНИ ЯК ҶАВОНИ ТОҶИК БАРОИ ИНТИҚОЛИ 3 ҲАЗОР РУБЛ БА ДОИШ

Додгоҳи ҳарбии ҳавзаи ҷанубии Русия дар шаҳри Ростови лаби Дон  рӯзи 29 июни соли 2022 зодаи Тоҷикистон Файзалӣ Ҳалимхоновро бо ҷурми маблағгузории созмони террористии дар Русия мамнӯи “Давлати исломӣ”(ДОИШ)ба 9 соли зиндон маҳкум кард. Дар ин бора Лента.ру бо такя ба иттилоияи хадамоти матбуоти додгоҳи ҳарбии ҳавзаи ҷанубии Русия хабар дод.

Се соли аввали ҳукми худро Ҳалимхонов дар маҳбаси пӯшида адо мекунад. Додгоҳ ӯро бар асоси мроддаи 205.1 Кодекси ҷиноятии Русия ба мусоидат ба фаъолияти террористӣ гунаҳкор шинохт.

 “Додгоҳ муайян кард, ки Ҳалимхонов, вақте ки дар Волгоград қарор дошт, ба ҳисоби бонкие, ки ба ӯ як узви ДОИШ дода буд, 3 ҳазор рубл гузарондааст”, – гуфта мешавад дар иттилоия.

Тафсилоти дигар дода нашудааст.

Рӯзи 29 июн ҳамин додгоҳи ҳарбии ҳавзаи ҷанубии Русия як зодаи дигари Тоҷикистон Хисрави Саидзодаро дар омодагӣ ба анҷоми ҳамлаи террористӣ дар қаламрави кишвари Ставропол гунаҳкор шинохт ва ба 15 солу 6 моҳи зиндони низомаш сангин маҳкум карда буд.

 “Муайян карда шуд, ки Саидзода 12 марти соли 2021 ба саффи созмони террористии дар Русия мамнӯи “Давлати исломӣ” пайваста, аз 8 то 11 апрел дар ҳудуди кишвари Ставропол ба нафарони дигар барои тайёрӣ ба ҳамлаи террористӣ кумак кардааст “, – гуфта мешуд дар иттилоияи додгоҳ.

Бино ба фарзияи тафтишот ва додгоҳ, Хисрави Саидзода ҷузъҳои лозим барои сохтани маводи таркандаро харидорӣ карда, бомби худсохт сохта, онро дар хонаи иҷорааш нигоҳ медошт. Додгоҳ ӯро бар асоси 4 банди Кодекси ҷиноятии Русия: қисми дуюми моддаи 205.5 (иштирок дар фаъолияти созмони террористӣ,  қисми якуми моддаи 30, қисми дуюми моддаи 205 (омодагӣ ба анҷоми ҳамлаи террористӣ) , қисми якуми моддаи 222.1 (гардиши ғайриқонунии маводи тарканда) ва қисми сеюми моддаи 30, қисми якуми моддаи 223.1 (ғайриқонунӣ сохтани бомб) гунаҳкор шинохтааст. Тафсилоти дигари парванда оварда нашудааст.

Ёдовар мешавем, рӯзи 18 июни соли ҷорӣ додгоҳи ҳарбии Русия  зодаи дигари Тоҷикистон Тоҷиддин Назаров, маъруф ба Абу Усома Ал-Норакиро, ки яке аз роҳбарони ҷангҷӯёни тоҷик дар саффи ДОИШ ба шумор мерафт, ба ҳабси умрбод маҳкум кард. Назаров соли 2020 аз Сурия ба Русия истирдод карда шуд. Дар Русия ӯро дар нақшарезии чандин амали террористӣ, аз ҷумла нақшарезии ҳамлаҳо ба биноҳои ФСБ, ГРУ ва ҳатто маъмурияти президенти Русия гунаҳкор донистанд.

Ба ҳисоби мақомоти Тоҷикистон, дар умум беш аз 2 ҳазор нафар аз шаҳрвандони ин кишвар ба доми мубаллиғони гуруҳҳои ба ном “ҷиҳодӣ” афтода, бархеаш ҳатто бо занону кӯдакони худ, ба қавле “хонахез” ба Сурияву Ироқ, ду кишвари ҷангзадаи  Ховари Миёна рафтаанд ва ба саффи созмонҳои террористие, чун ДОИШ пайвастаанд. Машҳуртарини онҳо полковник Гулмурод Ҳалимов, фармондеҳи собиқи ОМОН ВКД Тоҷикистон буд, ки дар Ховари Миёна то ба мақоми “вазири ҷанг” дар ба ном “ҳукумати ДОИШ” расид.

 Ба ҳисоби мақомоти тоҷик, беш аз 500 нафар аз ҷангиёни тоҷик дар Сурияву Ироқ кушта шуда, ҳоло 500 зану кӯдаки онҳо дар он ду кишвари ҷангзада дар боздошт қарор доранд. Мақомоти Тоҷикистон як қисми кӯдакони тоҷикро аз Ховари Миёна оварданд ва ҳоло талош доранд, то  занону кӯдакони тоҷики боқимондаро ҳам ба Ватан баргардонанд.

Дар Душанбе бар ин назаранд, ки аксари ин ҷангҷӯёни тоҷик маҳз дар давраи дар Русия дар муҳоҷирати корӣ қарор доштанашон ба доми фиреби мубаллиғони гуруҳҳои ифротӣ афтодаанд.

Ҳомиёни ҳуқуқ низ мегӯянд, ки муҳоҷирони корӣ дар Русия ба далели беҳуқуқӣ ва вазъи риққатбори кору зиндагиашон тӯъмаи осоне барои мубаллиғони ақидаҳои ифротӣ мешаванд.

Вале ҳомиёни ҳуқуқ иддаои мақомоти амниятии Русия дар бораи боздошти даҳҳо муҳоҷир бо иттиҳомоти терроризму тундгароиро низ зери суол мебаранд ва мегӯянд, мавридҳое фаровоне сабт шудааст, ки мақомоти амниятии Русия барои баланд нишон додани натиҷаҳои муборизаи худ бо терроризму тундгароӣ муҳоҷирони беҳуқуқро бо парвандаҳои бофтаю сохта дастгир ва ба терроризм айбдор мекунанд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button