ВидеоНомаҳо ба президентҲуқуқи инсон

ЁБЕДУ ГИРЕД! НОМИ МИЛИТСИЯРО ШУНИДУ АЗ НАВИШТАНИ ҲАҚИҚАТ ТАРСИД… (ВИДЕО)

Наздикони Э.О., як зани 59-сола аз ҷамоати Навкати ноҳияи Спитамен, ки ба гуфтаи худаш, рӯзи 27 июн аз ҷониби се корманди милитсияи ин ноҳия латтукӯб шудааст, ба пойгоҳи хабарии “Бомдод” хабар доданд, ки рӯзи 28 июн эксперти тиббию судӣ баъди онки ба милитсия занг заду фаҳмид, ки қазия марбут ба латтукӯби ин зан аз ҷониби кормандони милитсия аст, аз навиштани ҳақиқати ҳол саркашӣ кардаааст. Табибон бошад чунин хулоса додаанд, ки гӯё захмҳои бадани Э.О. кӯҳна буда, ба ҳодисаи рӯзи 27 июн рабт надорад. Ба ин далел, наздикони Э.О. ӯро аз Спитамен ба Хуҷанд овардаанд.

Дар видеое, ки наздикони ин зан ба “Бомдод” фиристоданд, дида мешавад, ки табиби муолиҷакунанда Наимҷон Бобоев низ дар ҷавоб ба шикояти наздикони Э.О., ки аз вай дар маълумотнома навиштани ҳақиқатро талаб доранд, онҳоро таҳдид мекунад, ки “ман чунон мекунам, ки дигар аз ҷоят намехезӣ!”. Бобоев сипас бо дашномҳои қабеҳ онҳоро аз ҳуҷраи кориаш пеш мекунад.

Шуъбаи осебшиносӣ ва раддодии бемористони ноҳияи Спитамен дар маълумотномааш эътироф мекунад, ки Э.О., санаи таваллудаш 5 июни соли 1963, 27 июни соли 2022, соати 21:15 дар ин шуъба бистарӣ карда шуд. “Аз суханони бемор, санаи 27.06.2022, соати 09:00 аз тарафи шахси маълум латтукӯб шуда, осеб гирифтааст”,  гуфта мешавад дар маълумотнома.

Духтури муолиҷакунанда Бобоев Н.М. ва мудири шуъба Ҳусенбоев О.М. тасдиқ мекунанд, ки “азназаргузаронӣ дар мавқеи фарқи сар аз чап каме дардмандӣ дида мешавад. Хунрезиши кӯҳнашудаи мавқеи бозуи чап ба андозаи 5,0х3,0 дида мешавад”.

Табибон билофосила таъкид кардаанд, ки “гумон аст, ки пеш аз ҳодисаи рухдода  ин хунрезиш пайдо шуда бошад, эксперт маълум мекунад”. Дар эзоҳи худ Бобоев ва Ҳусенбоев такроран таъкид кардаанд, ки “хунрезишҳои бадани инсон аз рӯи нишондод, агар ҷароҳат сабук бошад (чунон ки дар бемор аст) одатан баъди ду ё се шабонарӯз худро нишон медиҳанд, аз ин рӯ, духтури муолиҷакунанда ба хулосае меояд, ки хунрезиши мавқеи бозу кӯҳна буда, ба ҷароҳати гирифтаи бемор дар санаи 27.06.2022 рабт надорад”.”

Ба қавли маъруф, ёбеду гиред!

Рӯзи 27 июни соли 2022, ки дар шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон ба муносибати Рӯзи ваҳдат консерту тантанаҳои идона доир карда мешуд, дар қасри фарҳанги ноҳияи Спитамени вилояти Суғд Э.О., як зани соли таваллудаш 1963-ро ба сабаби ин ки дар танаш либоси сиёҳ доштааст, иҷозат надодаанд, ки барои тамошои консерти идона вориди толор шавад. Исми пурраи ҷабрдида дар дасти идораи пойгоҳи хабарии “Бомдод” ҳаст.

Ин занро кормандони милитсия ба шуъбаи корҳои дохилии ноҳияи Спитамен бурдаанд. Э.О.  мегӯяд, ки дар шуъбаи милитсия аз ҷониби се корманди милитсия бо номҳои Ҳ., Ҷ. ва О. (исми пурраи ҳар се корманди милитсия дар дасти идораи “Бомдод” ҳаст) латтукӯб шудааст.  Ин зан феълан дар шуъбаи байниноҳиявии осебшиносӣ дар бемористони марказии ноҳияи Спитамен бистарӣ карда шудааст.

Дар маълумотномаи табибон гуфта мешуд, ки ӯ дар натиҷаи латтукӯб осеб бардоштааст.

Э.О. аз рафтори кормандони милитсия тавассути телефони боварии вазири корҳои дохилии Тоҷикистон Рамазон Раҳимзода низ расман шикоят кардааст.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button