Хабарҳои кӯтоҳ

ЯК ҶАВОНЗАН ДАР ҲИСОР БАРОИ ДУЗДИИ ПУЛУ ТИЛЛО ДАСТГИР ШУДААСТ

Ба ШВКД дар шаҳри Ҳисор бо ариза марди 38-солаи сокини шаҳри мазкур муроҷиат намудааст, ки шаби 27 ба 28-уми июни соли 2022, тахминан соати 03:30-дақиқа, шахси номаълум бо роҳи пинҳонӣ ба хонаи истиқоматиаш даромада, аз дохили ҷузвдон 410 ҳазор рубли русӣ, 60 ҳазор сомонӣ ва ҷавоҳироти гуногуни тиллоиро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.
Зарари расонидашуда  дар умум 140 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.
Маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон алакай рӯзи 29 июн хабар дод, ки ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия зани 29-солаи сокини шаҳри Ҳисор ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти дуздӣ дастгир карда шуд.
Аз рӯи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button