Хабарҳои кӯтоҳ

ҚАЛЛОБӢ БА МАБЛАҒИ ҚАРИБ НИМ МИЛЛИОН СОМОНӢ

Маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон аз ошкор шудани як ҳолати қаллобӣ ба маблағи қариб ним миллион сомонӣ хабар дод.

Бино ба ин гузориш, дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия муайян карда шуд, ки марди 37-солаи сокини шаҳри Хуҷанд, бо роҳи фиреб ба боварии марди 30-солаи сокини ноҳияи Б.Ғафуров даромада, бо баҳонаи бо тиҷорат машғул шудан, аз 22-юми декабри соли 2019 сол то моҳи январи соли 2020, дар умум аз охирин 448 ҳазор сомонӣ гирифта, ба эҳтиёҷоти худаш сарф намудааст.
Нисбати гумонбаршуда бар асоси қисми чоруми моддаи 247 Кодекси ҷинояти Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятии оғоз карда шудааст ва тафтишот идома дорад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button