Хабарҳои кӯтоҳ

МАРГИ РОНАНДА ВА ЗАНИ МУСОФИР БАР АСАРИ БАРХӮРДИ “ОПЕЛ” ВА “МЕРСЕДЕС” ДАР ВАРЗОБ

Субҳи 27-уми июни соли 2022, тахминан соатҳои 08:40, ронандаи мошини тамғаи “Опел Вектра”, Мирзоев Далер Каримович, соли таваллудаш 1980, сокини шаҳри Исфара, ҳангоми ҳаракат аз самти вилояти Суғд, ба самти шаҳри Душанбе, дар ҳудуди ноҳияи Варзоб аз ӯҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада ба самти муқобили роҳ баромадааст ва ба қисмати пеши мошини тамғаи “Мерседес Бенс”, ки таҳти идораи ронанда Каримов Аминҷон Наимҷонович, соли таваллудаш 1985, сокини ноҳияи Б.Ғафуров қарор дошт, бархӯрдааст.
Дар натиҷаи садама, ронандаи “Опел-Вектра”, Мирзоев Далер Каримович, ва мусофираш, Мирзоева Дилбар, соли таваллудаш 1966, сокини шаҳри Панҷакент, дар ҷои ҳодиса ба ҳалокат расида, ноболиғ Мирзоев Муҳаммадрофеъ Далерович, соли таваллудаш 2012 ва ронандаи автомашинаи “Мерседес Бенс” Каримов А.Н., ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидаанд.
Аз рўи ин ҳодиса таҳқиқот идома дорад.

Роҳҳои Тоҷикистон аз лиҳози садамаҳо пурхатар дониста мешаванд. Бино ба омори расмии ВКД Тоҷикистон, соли 2021 бар асари 1102 садамаи нақлиётӣ  дар роҳҳои ҷумҳурӣ 395 нафар ба ҳалокат расида, 1 218 нафар ҷароҳати ҷисмонӣ бардоштаанд. Даҳҳо нафар аз қурбониёни садамаҳоро дар роҳҳои Тоҷикистон ноболиғон ташкил медиҳанд.

 Суръати баланди ҳаракат ва риоя накардани қоидаҳои ҳаракат дар роҳ, ҳамчунин роҳҳову мошинҳои фарсуда аз иллатҳои умдаи садамаҳо, аз ҷумла садамаҳои марговар дар роҳҳои Тоҷикистон ном бурда мешаванд. Вақтҳои охир ҳангоми рондани мошин истифода бурдани телефонҳои мобил аз ҷониби ронандагон ба як сабаби дигари умдаи садамаҳо, аз ҷумла садамаҳои марговар табдил ёфтааст.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button