ВидеоҲуқуқи инсон

КОРМАНДОНИ МАҚОМОТ ДАР СПИТАМЕН ЯК ЗАНИ СОЛХӮРДАРО БАРОИ ЛИБОСАШ ЛАТТУКӮБ КАРДААНД (ВИДЕО)

Рӯзи 27 июни соли 2022, ки дар шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон ба муносибати Рӯзи ваҳдат консерту тантанаҳои идона доир карда мешуд, дар қасри фарҳанги ноҳияи Спитамени вилояти Суғд Э.О., як зани соли таваллудаш 1963-ро ба сабаби ин ки дар танаш либоси сиёҳ доштааст, иҷозат надодаанд, ки барои тамошои консерти идона вориди толор шавад. Исми пурраи ҷабрдида дар дасти идораи пойгоҳи хабарии “Бомдод” ҳаст.

Ин занро кормандони милитсия ба шуъбаи корҳои дохилии ноҳияи Спитамен бурдаанд. Э.О.  мегӯяд, ки дар шуъбаи милитсия аз ҷониби се корманди милитсия бо номҳои Ҳ., Ҷ. ва О. (исми пурраи ҳар се корманди милитсия дар дасти идораи “Бомдод” ҳаст) латтукӯб шудааст.  Ин зан феълан дар шуъбаи байниноҳиявии осебшиносӣ дар бемористони марказии ноҳияи Спитамен бистарӣ карда шудааст.

Дар маълумотномаи табибон гуфта мешавад, ки ӯ дар натиҷаи латтукӯб осеб бардоштааст.

Э.О. аз рафтори кормандони милитсия тавассути телефони боварии вазири корҳои дохилии Тоҷикистон Рамазон Раҳимзода низ расман шикоят кардааст.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button