Коррупсия

КОРМАНДИ АНДОЗИ ИСФАРА АЗ ЯК КОРАФТОДА 5 ҲАЗОР СОМОНӢ ПОРА ГИРИФТААСТ

Маркази матбуоти Агентии мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон рӯзи 28 июни соли 2022 аз анҷоми тафтиши пешакӣ, тасдиқи фикри айбдоркунӣ ва ба додгоҳ супурдани парвандаи корманди шуъбаи патенти нозироти андози шаҳри Исфара Сафохӯҷа Баҳодуров хабар дод. Баҳодуров бар асоси қисми дуюми моддаи 247 Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон ба қаллобӣ бо истифода аз мақоми хидматӣ айбдор мешавад.

Бино ба иттилои маркази матбуоти Агентӣ, “Баҳодуров Сафохӯҷа Бурҳонхӯҷаевич ҳамчун иҷрокунандаи вазифаи сармутахассиси гурӯҳи хизматрасонӣ ба андозсупорандагони бо патент фаъолияткунандаи шуъбаи хизматрасонӣ ба андозсупорандагони Нозироти андози шаҳри Исфараи вилояти Суғд кор карда, зимни фаъолияти кориаш бо роҳи фиреб ва сӯиистифодаи боварӣ бо истифода аз мақоми хизматӣ аз шаҳрванд “А” барои рӯйпӯш намудани қонунвайронкуниаш маблағи 5000 сомонӣ талаб намудааст.  Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ–тафтишотӣ Баҳодуров С.Б. баъди аз шаҳрванд “А” гирифтани маблағи 5000 сомонӣ дар ҷои ҳодиса дастгир гардида, маблағи мазкур аз ӯ ҳамчун далели шайъӣ ёфта гирифта шуд”.

Ба Сафохӯҷа Баҳодуров бар асоси қисми дуюми моддаи 247 ҳамчун ҷазо ҷарима ба андозаи 365 то  912нишондиҳанда барои ҳисобҳо (1 нишондиҳанда = 64 сомонӣ, ё наздики 6 доллар), ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз 2 то 5 сол таҳдид мекунад. Вале таҷрибаи судӣ  дар Тоҷикистон нишон медиҳад, ки мансабдорони барои заминфурӯшӣ ба даст афтода дар аксари мавридҳо бо пардохти ҷарима аз ҷавобгарӣ халос мешаванд.

Идораҳои андоз дар Тоҷикистон яке аз фасодзадатарин ниҳодҳои давлатӣ дониста мешаванд. Ҳар сол чандин корманди андоз бо иттиҳоми гирифтани пора аз корафтодагон дастгир мешаванд. Вале нозирони умур мегӯянд, онҳое ки ба даст меафтанд, моҳичаҳои ин дарёи бузурги фасоданд, вале ба наҳангҳои бузурги ин дарё, ки тақрибан ҳамааш дар раддаҳои болоии ҳукумати Тоҷикистон ҳомиёни қавӣ доранд,  касе кор надорад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button