ЯК ҚОЧОҚБАРИ ЗАНОНУ ДУХТАРОН АЗ МОЛДОВА ҲАНГОМИ БОЗДОШТАШ БА ПУЛИС … ШИНОСНОМАИ ТОҶИКӢ НИШОН ДОДААСТ (2 АКС)
Дар шаҳри Аштархон (Астрахан) дар ҷануби Русия кормандони пулис ва марзбонӣ занеро дастгир кардаанд, ки 9 сол боз аз ҷониби мақомоти Молдова бо иттиҳоми даст доштан дар қочоқи занону духтарон таҳти ҷустуҷӯ қарор дошт. Дмитриё Берёзин, раҳбари хадамоти матбуоти пулиси вилояти Аштархон рӯзи 28 июни соли 2022 ба хабарнигорон гуфт, ҳангоми боздошт ин зани серфарзанд … шиносномаи шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистонро нишон додааст.
Бино ба иттилои расмӣ, кормандони бахши назорати муҳоҷирати раёсати масоили муҳоҷирати пулиси вилояти Аштархон ҳамроҳ бо кормандони шухбаи пулиси № 3 шаҳри Аштархон ва раёсати марзбонии ҷумҳурии Қалмиқистон ва вилояти Аштархон макони будубоши як зани 34-солаи шаҳрванди Молдоваро, ки таҳти ҷустуҷӯи федералӣ қарор дошт, муайян кардаанд.
Ин зан дар Молдова барои даст доштан дар қочоқи занону духтарон ҷустуҷӯ мешуд ва 9 сол боз дар ҳоли фирор ба сар мебурд.
Дмитрий Берёзин гуфт: “Вақте ки кормандони мақомот ба хонаи ин зан омаданд, ӯ бо як номи дигар худро муаррифӣ кард ва шиносномаи шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистонро нишон дод, ки аломатҳои тақаллуб дошта, ба номи як нафаре, ки аслан вуҷуд надорад, пур карда шудааст. Шиносномаи ӯ барои ташхис фиристода шудааст.”
Дар ин робита санҷиш идома дорад ва масъалаи кушодани парвандаи ҷиноятӣ баррасӣ мешавад. Мақомот ҳамзамон масъалаи истирдоди ӯ ба Молдоваро низ баррасӣ мекунанд. Ин зани молдованро ба тавқифгоҳи муваққатӣ (ИВС) андохта, мақомоти Молдоваро аз ёфт ва боздошт шудани ӯ хабардор кардаанд.
Ин зан соҳиби 4 фарзанд будааст. Фарзандони ӯро феълан дар маркази иҷтимоиву реабилитатсионӣ барои ноболиғон ҷой кардаанд.
Дар бораи ин ки ин зани молдован чӣ гуна соҳиби шиносномаи тоҷикӣ шудааст?, чизе дар иттилоияи пулиси Аштархон гуфта нашудааст.