Коррупсия

ДАР ТОШКАНД ЯК “МИЁНАРАВ” БАРОИ ДОХИЛШАВӢ БА ЯК ДОНИШКАДАИ ТОҶИКИСТОН 3200 ДОЛЛАР ГИРИФТААСТ (2 АКС)

Департаменти мубориза бо ҷиноятҳои иқтисодии Додситонии кулли Ӯзбекистон рӯзи 28 июни соли 2022 дар Телеграм-каналаш хабар дод, ки дар ҷараёни як амалиёти вижа дар ноҳияи Олмазори шаҳри Тошканд ми ёнараверо дастгир кардаанд, ки барои ҳалли масъалаи дохил кардан ба як мактаби олии Тоҷикистон 3200 доллар талаб мекард.

Тибқи иттилои расмии додситонӣ, шаҳрванд Ш.Ж. дар ҷараёни як амалиёти фаврӣ ҳангоми аз шаҳрванд Ж. Гирифтани 3200 доллар дастгир шуд. Тавре маълум шуд, Ж. бо мақомот ҳамкорӣ мекард ва пулҳое, ки ӯ ба Ш.Ж. барои миёнаравиаш дода буд, бо маводи кимиёвии махсус коркарда шуда буд.

 “Маълум шуд, ки миёнарав ба Ж.  ваъда додааст, ки дар ивази 3200 доллар ӯро аввал ба Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дохил карда, сипас ба соли дуюми таҳсил дар яке аз мактабҳои олии Ӯзбекистон мегузаронад”, – гуфта мешавад дар хабар. Додситонии Ӯзбекистон дар бораи инки дар ивази ин пул Ш.Ж. он муштариашро мушаххасан ба кадом мактаби олии Тоҷикистон дохил карданӣ буд, чизе нагуфтааст.

Дар робита ба ин ҳодиса бар асоси ду моддаи Кодекси ҷиноятии Ӯзбекистон: моддаи 168 (қаллобӣ) ва моддаи 28- 211 (қасди додани пора) парвандаи ҷиноятӣ кушодаанд ва тафтиш идома дорад.

Бархе корбарон дар зери ин хабар навиштаанд, ки боздошти ин миёнарав дар Тошканд ҳадди ақал рейтинги мактабҳои олии омӯзгории Тоҷикистонро дар Ӯзбекистон ошкор мекунад. Яъне ба ивази 3200 доллар як довталаб аз Ӯзбекистон метавонистааст ба мактаби олии Тоҷикистон дохил шуда, як сол гӯё таҳсил кунад ва сипас ба ягон донишгоҳи Ӯзбекистон гузарад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button