ВидеоТаърихТоҷикистон

СОЛГАРДИ 25-УМИ СУЛҲЕ, КИ ҶАНГРО ПОЁН ДОД, ВАЛЕ ТОҶИКИСТОНРО БА ВАҲДАТИ КОМИЛ ВА ДЕМОКРАТИЯ НАРАСОНД

27 июни соли 2022 аз имзои созишномаи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ байни ҳукумати Тоҷикистон ва Иттиҳоди нирӯҳои мухолифини тоҷик 25 сол гузашт. 27 июн ба ин муносибат дар Тоҷикистон Рӯзи ваҳдат эълон шудааст. Аммо ин созишнома бо гузашти 25 сол то куҷо амалӣ шуд ва оё мо то куҷо ба ваҳдати миллӣ расидем?

Як бардошти умумӣ ва ба ҳар сурат, дурусту воқеӣ аз 25 соли сулҳи тоҷикон  ин аст, ки созишномаи сулҳи 27 июни соли 1997 дар шаҳри Маскав, дар “Президент Отел” имзошуда ба муҳимтарин ҳадафи худ, ки истиқрори сулҳ буд, расид ва дар ҳақиқат ба ҷанги хунини шаҳрвандӣ дар кишвар нуқта гузошт. Ризоияти миллӣ, як ҳадафи дигари умдаи ин қарордоди сулҳ,  низ дар Тоҷикистон то ҳадде ба даст омад.

Вале ҳадафҳои дигар, аз ҷумла ислоҳоти сиёсӣ дар кишвар, бунёди як ҷомиа ва низоми демократӣ, баргузории интихоботҳои озоду демократӣ ва аз ҳама муҳим, ноил шудан ба ваҳдати миллӣ  то кунун дар рӯи қоғаз боқӣ мондаанд.

Бархе нозирони умур дар чунин сурати ҳол ҳарду ҷониб: ҳам ҳукумат ва ҳам мухолифинро айбдор мекунанд. Гуруҳе бар инанд, ки тақсири мухолифин ҳатто бештар ҳам буд, зеро ҳукумати он вақтҳои  ҳанӯз ҳам коммунистмаоби Тоҷикистон ҳеҷ гоҳе самимона дар фикри роҳ кушодан ба сохтани ҷомиаи демократӣ ё баргузор кардани интихоботҳои озод набуд. Ба фарқ аз ҳукумат, мухолифин маҳз бо чунин шиорҳо 5 сол ҷангиданд ва мардум низ сахт умедвор буд, ки омадани онҳо роҳро барои ислоҳоти сиёсии решаӣ дар кишвар боз хоҳад кард.

Вале дар асл  ду соли раванди иҷрои созишномаи сулҳ ва фаъолияти Комиссияи оштии миллӣ дар ин самт бештар бо тақсим, балки ҳатто бо фурӯши мансабу вазифаҳои тибқи квотаи сифоизаи барои мухолифин ҷудошуда маҳдуд шуд ва ҳарфи ислоҳоту талаби озодиҳои демократӣ хеле зуд дар ин лобало хомӯшу фаромӯш шуд.

Инки дар меҳмонхонаи “Вахш” (қароргоҳи Комиссияи оштии миллӣ) мансабҳоро мефурӯшанд, аз касе пинҳон набуд. Бисёриҳо ҳатто медонистанд, ки нархи фалон мансаб чанд асту фалонаш чанд?

Мояи дигари беобрӯгии роҳбарони вақти мухолифин ба мансабҳои баланд бурда шинондани хешовандони нолоиқи худи онҳо буд. Ҳолате буд, ки як нафарро бурда, муовини раиси идораи омор карданд ва танҳо робитаи ӯ бо ин соҳа ин буд, ки як вақте дар колхоз … табелчӣ будааст.  Намунаи дигари музҳик аз номи мухолифин раиси Кумитаи гумрук таъйин кардани Мулло Абдураҳим буд, ки курсиву мизи кориро аз ҳуҷраи кориаш берун андохта, ба ҷои он гилему кӯрпачаю болишт партофта буд ва дар болои ҳамин кӯрпача, болишташ зери бағал аз роҳбарони нуқтаҳои равғанини гумрук бе ягон ибо “назр” мегирифт.

Масъалаи дигаре, ки роҳбарони мухолифинро аз масир бероҳа кард,  барояшон фароҳам овардани  имкони бо шароити пуримтиёз хусусӣ кардани корхонаҳо буд. Дар натиҷа, ба яке мағозаи “Детский мир” расиду ба дигаре як корхоначаи пахта ва ба якеи дигар як гӯшаи кадом кинотеатрча. Бо ҳамин роҳбарони, мутаассифона, нодидаи мухолифин ҳама шиорҳои 5 соли ҷангу муборизаро аз ёд бурда, дар баёну изҳори садоқати худ ба ҳукумат ончунон сабқат ороставу якдигарро ба телаву пешпо додан сар карданд, ки ҳатто Иттиҳоди нирӯҳои мухолифинро, ки ин ҳама дову дангашон аз ҳисоби дастовардҳои нирӯҳои ҳамин Иттиҳод буд, бо дасти худ пароканда карда, ҳама худро ба зери чатри ҳукумат заданд. Вале тавре талотуми ҳодисоти баъдӣ нишон дод, ки ин ҳама изҳори садоқату пешпо додани  ҳамсарнгаронашон фоидаашон накард ва имрӯз, бо гузашти 25 сол аз имзои созишномаи сулҳ аз онҳое, ки 27 июни соли 1997 он созиши сулҳро бо ҳукумат имзо карданд, дигар касе дар ягон мақоми давлатӣ боқӣ намондааст.

Фаъолияти Ҳизби наҳзати исломи Тоҷикистон (ҲНИТ), ки муҳраи асосии Иттиҳоди нирӯҳои мухолифини тоҷик ва амалан як тарафи сулҳ дониста мешуд, аз соли 2015 дар Тоҷикистон манъ карда шудааст.

Бино ба оморҳои ғайрирасмӣ, дар даврони ҷанги шаҳрвандии солҳои 1992-1997 дар Тоҷикистон, дастикам 100 ҳазор нафар (аксар дар ҷараёни амалиётҳои поккорӣ) кушта шуда, 25 ҳазор зан бева ва 53 ҳазор кӯдак ятим монданд. То 1 миллион нафар ба сабаби ҷанг гуреза шуданд. Дар солҳои ҷанг дар Тоҷикистон беш аз 35 ҳазор хонаро оташ зада, садҳо корхонаро ба ғорат бурданд. Хисороти расида ба иқтисоди Тоҷикистонро дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ то 10 миллиард доллар рақам мезананд.

Президент Эмомалӣ Раҳмон, ки 25 сол пеш бо мухолифинаш созишномаи сулҳро имзо кард, рӯзи 27 июни соли 2022 дар паёми шодбошии худ ба муносибати Рӯзи ваҳдат ҷанги шаҳрвандии солҳои 1992-1997-ро бори дигар “ҷанги таҳмилӣ” номид, ки ба ақидаи Эмомалӣ Раҳмон, мардуми Тоҷикистон “бар асари фитнаву дасисаи хоинони миллати тоҷик ва бадхоҳони давлати тоҷикон” ба гирдоби он кашида шуданд. Ӯ бидуни ишора ба кадом гуруҳ ё нафарони мушаххас ҳушдор дод, ки “хоинону бадхоҳони давлату миллати мо – онҳое, ки манфиатҳои милливу давлатиро қурбони нафс кардаанд ва имону виҷдони худро ба хоҷаҳои хориҷиашон фурӯхтаанд, ҳанӯз ҳам аз нияту нақшаҳои ғаразноки худ даст накашидаанд”.

Мухолифин имрӯз баракс Эмомалӣ Раҳмон ва ҳукуматро ба аҳдшиканӣ ва зери по кардани дастовардҳои сулҳи 25 сол пеш бадастомада айбдор мекунанд ва чандин бор аз кишварҳои ва созмонҳои зомини он сулҳ хостаанд, ки Душанберо ба иҷрои тааҳҳудоташ водор кунанд.

Бо ин ҳол, 27 июн дар Тоҷикистон солгарди инак 25-уми имзои созишномаи сулҳро таҷлил мекунанд. Қарордоде, ки Худоро шукр, ба ҷанги хунин нуқта гузошт, вале мутаассифона, роҳро ба сӯи ислоҳоти демократӣ кушода натавонист ва мардумро то ба як ваҳдати комил нарасонд.

Бо умеди расидан ба чунин як ваҳдати комил, Рӯзи ваҳдат муборак, ҳамватанони азиз!

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button