ВидеоМинтақа ва ҷаҳонСиёсат

ПУТИН 28 ИЮН БА ДУШАНБЕ МЕОЯД. МАСЪАЛАИ ПРЕЗИДЕНТИИ РУСТАМРО ҲАЛ МЕКУНАНД?

Дмитрий Песков, сухангӯи президенти Русия рӯзи 27 июни соли 2022 ба хабарнигорон тасдиқ кард, ки раисиҷумҳури Русия Владимир Путин рӯзи сешанбе, 28 июн бо як сафари корӣ аз Тоҷикистон боздид карда, бо ҳамтои тоҷикаш Эмомалӣ Раҳмон мулоқоти якбаяк доир мекунад.

Фардо сафари кории президент Путин ба Тоҷикистон барномарезӣ шудааст. Дар онҷо мулоқот ва музокироти ӯ бо Эмомалӣ Раҳмон доир хоҳад шуд “, – гуфт Песков дар посух ба суоли ТАСС. Дар мавриди шакли музокироти ду роҳбар Песков гуфт, ки онҳо “як ба як суҳбат мекунанд”.

Дар барномаи барномаи ин сафар тафсилоти дигар нашр нашудааст.
Вале бархе манобеи огоҳ дар Душанбе ба “Бомдод” гуфтанд, ки як мавзӯи асосӣ метавонад масъалаи роҳбари ояндаи Тоҷикистон шавад. Манобеи “Бомдод” сарфи назар намекунанд, ки ба ин хотир шояд ба мулоқоти рӯбарӯи Раҳмон ва Путин Рустами Эмомалӣ, писари калонии президенти Тоҷикистон ва вориси эҳтимолии курсии падараш низ даъват карда шавад.

Президенти кунунии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, ки аз соли 1992, инак қариб 30 сол боз раҳбарии ин ҷумҳуриро дар даст дорад, чанд сол боз талош дорад, ки курсиашро ба пиари калонии худ бисупорад. Рустами Эмомалӣ, ки 34 сол дорад, алакай ба ҳайси раиси Маҷлиси миллӣ қонунан роҳбари дуюми Тоҷикистон ба шумор меравад.

Ба фарқ аз Туркманистон, ки Қурбонқулӣ Бердимуҳаммадови калонӣ алакай дар моҳи марти соли ҷорӣ курсии президентиашро ба писараш Сардор Бердимуҳаммадов супурд, дар Душанбе мехоҳанд чунин шакли интиқоли қудратро бо розигии Маскав – шарики асосии стратегии Тоҷикистон амалӣ намоянд.

Сафар ба Душанбе  нахустин сафари хориҷии Путин баъди шурӯи амалиёти ҷангӣ ба зидди Украина мешавад. Аз ин қабл ӯ дар аввали моҳи феврал ба хотири иштирок дар маросими ифтитоҳи Бозиҳои зимистонаи олимпӣ ба Пекин, пойтахти Хитой сафар карда буд.

Аз Душанбе президенти Русия ба Ишқобод, пойтахти Туркманистон сафар мекунад. Рӯзи 29 июн дар Ишқобод нишасти сарони кишварҳои ҳошияи баҳри Каспий (Хазар) доир мешавад.

Путин бори охир соли 2019 аз Тоҷикистон боздид карда буд. Қарор буд, моҳи сентябри соли 2021 Путин барои иштирок дар нишасти сарони кишварҳои узви ОДКБ ва Созмони Шанхай ба Душанбе биояд, вале дар охирин лаҳза ӯ эълон кард, ки ба сабаби тамос доштан бо атрофиёнаш, ки гирифтори коронавирус шудаанд, ба режими худинзивоъ (самоизоляция) мегузарад ва ба ин далел, сафарашро ба Тоҷикистон лағв кард.

Аввалин шуда,  рӯзи 25 июн журналисти рус Павел Зарубин, муаллифи барномаи «Москва.Кремль.Путин» дар шабакаи телевизионии «Россия1», ки ӯро “хабарнигори шахсии Путин” ҳам меноманд, дар нашри навбатии барномааш хабар дод, ки президенти Русия Владимир Путин рӯзҳои наздик аз Тоҷикистон боздид мекунад.

“Дар ин ҳафта Путин аввал ба Душанбе меравад. Музокироти густарда бо президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон: ҳам суҳбат ва ҳам зиёфат пешбинӣ шудаанд”, — хабар дод Зарубин.

Имсол, тақрибан паиҳам – 5 ва 7 октябр – Эмомалӣ Раҳмон ва Владимир Путин ба синни 70 мерасанд. Ба фарқ аз Эмомалӣ Раҳмон, ки мехоҳад курсии президентиро ба писараш бисупорад, дар Русия ба Қонуни асосиаш тағйироте ворид карданд, ки ҳамаи давраҳои қаблии президентии Путинро сифр мекунад ва ба ӯ ҳақ медиҳад, ки то соли 2036 раёсати худро тамдид кунад. Соли 20238 Путин алакай ба синни 84 мерасад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

One Comment

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button