ВидеоХабарҳои кӯтоҳҲодиса

АЗ 27 ТО 30 ИЮН ҲАВО ДАР ТОҶИКИСТОН ТО 45 ДАРАҶА ГАРМ МЕШАВАД

Аз 27 то 30 июн дар ҷумҳурӣ ҳарорати рӯзонаи ҳаво баланд шуда, дар  вилояти Хатлон гармӣ то 45 дараҷа мерасад. Хабаргузории «Ховар» бо истинод ба Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон иттилоъ дод,  ки дар водиҳои вилояти Хатлон ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ҳаво то 40+45 дараҷа  гарм, дар минтақаҳои кӯҳии ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва ғарби Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон то 33+38 дараҷа гарм мешавад.

Дар ин рӯзҳо дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳаво  тағйирёбанда мешавад. Ҳарорати ҳаво рӯзона аз 30 то 33 дараҷа гарм дар назар аст. Дар шарқи вилоят рӯзона 16+21 дараҷа гарм мешавад.

Дар водиҳои  вилояти Суғд ҳаво рӯзона 20+25 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 9+14 ва рӯзона ҳаво баланд шуда аз 23+28 то 29-34 дараҷа гарм мешавад.

Тибқи  пешгӯии  Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон,   сокинони вилояти Хатлонро ин рӯзҳо ҳарорати баланди ҳаво интизор аст. Ҳаво рӯзона аз 33+38 то 40+45 дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ва шаҳри Душанбе дар ин рӯзҳо ҳавои тағйирёбанда бебориш дар назар аст. Рӯзона дар шаҳри Душанбе ҳаво 40+42 дараҷа  ва дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ 37+42 дараҷа гарм мешавад.

Қаблан муовини сардори Маркази обуҳавосанҷии Агентии обуҳавошиносии кишвар Парвина Саидҷамолова ба АМИТ «Ховар» дар бораи  баландшавии ҳарорати ҳаво дар моҳи июн иттилоъ дода, гуфт, дар Ҷумҳурии Тоҷикистон  моҳи аввали тобистон ҳарорат муътадил шуда, охирҳои моҳи июн баландшавии  он  дар назар аст. Ҳамчунин дар ҷануби вилояти Хатлон ҳарорат то ба 44 дараҷа мерасад.

Ба андешаи табибон,  организми инсон дар чунин рӯзҳо обро бештар талаб мекунад. Аз ин рў,   рӯз ҳар як сокини мамлакат бояд оби аз ҷиҳати экологӣ тоза истеъмол намояд, ба монанди оби ҷӯшонидашуда. Инчунин тавсия медиҳанд, ки ҳангоми аз хона баромадан ҳамроҳи худ об, кулоҳ ва чатр гиранд. Ҳангоми  истифода аз роҳҳои кӯҳӣ ва назди рӯду дарёҳо эҳтиёткор бошанд. Бахусус ҷавонон ҳангоми истироҳат ва оббозӣ бодиққат буда, қоидаҳои шиновариро риоя намоянд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button