ВидеоМуҳоҷирон

7 УЗВИ НАРКОБАНДАИ ТОҶИКҲО ДАР КРАСНОДАР БА 85 СОЛИ ЗИНДОН МАҲКУМ ШУДАНД! ФОТИМА – 14 СОЛ, ПАРВИЗУ АБДУҶАББОР – 15-СОЛӢ

Додгоҳи кишвари Краснодари Русия 5 шаҳрванди Тоҷикистон, як шаҳрванди Украина ва як сокини ҷумҳури Адигеияро бар асоси қисми чоруми моддаи 228.1 ва қисми чоруми моддаи 229.1 Кодекси ҷиноятии Русия дар даст доштан дар қочоқи миқдори бузурги маводи мухаддир  гунаҳкор шинохт ва дар маҷмӯъ ба 85 соли зиндон маҳкум кард.

Телеграм-канали Хадамоти муштараки матбуоти додгоҳҳои кишвари Краснодар хабар дод, ки вобаста ба саҳмашон 7 узви ин наркобанда чунин ҷазо гирифтаанд:

  1. Олександра Мелашенко  – 14 соли зиндони низомаш умумӣ;
  2. Парвиз Нуров – 15 соли зиндони низомаш сангин;
  3. Абдуҷаббор Дилшодӣ – 15 соли зиндони низомаш сангин;
  4. Фотима Дилшодӣ – 14 соли зиндони низомаш умумӣ;
  5. Наҷмиддин Гурдаков – 9 соли зиндони низомаш сангин;
  6. Ҳасанҷони Алиҷон – 9 соли зиндони низомаш сангин;
  7. Комрон Қурбонов – 9 соли зиндони низомаш сангин.

Аз маводи парванда бармеояд, ки соли 2018 шаҳрванди Тоҷикистон дар Адигея як гуруҳи муташаккили иҷиноятиро ташкил дод, ки ба қочоқу фурӯши маводи мухаддири сахттаъсири ҳероин дар қаламрави кишвари Краснодар ва ҷумҳурии Абхозистон машғул буд.

Аз ҷумла соли 2019 аъзои ин гуруҳ бо дастури роҳбари он аз махфигоҳе дар шаҳри Тихоретск 41 басаи маводи мухаддирро бо мақсади дар ин шаҳр фурӯхтан гирифта, дар чанд гӯшаи шаҳр пинҳон карданд, вале онҳоро боздошт карданд. Моҳҳои март ва июли соли 2019 аз манзилҳо ва мошинҳои дастгиршудаҳо дар умум 564 бастаи маводи мухаддири ҳероин, вазни умумиаш беш аз якуним кило ёфта, гирифта шуд.

Ҳамин тавр, бино ба маводи парванда аъзои ин гуруҳ бо мақсади фурӯш дар соли декабри соли 2018 ва январи соли 2019  248 бастаи ҳероинро ба Абхозистон интиқол дода, моҳи январи соли 2019 боз 100 бастаи дигарро барои фурӯш ба Абхозистон фиристодаанд, вале нафаре, ки ин маводи мухаддирро мебурд, баъди убури марз дастгир шудааст.

Гуфта мешавад, ба хотири ҳифзи пинҳонкорӣ, аъзои ин наркобанда байни худ ва ҳамин тавр, бо харидорон тамоси мустақим надоштаанд, мукотибаи онҳо тавассути мессенқер ба забони тоҷикӣ бо паёмҳои садоӣ сурат мегирифт ва баъди шунидан, ин паёмҳоро зуд пок мекардаанд.

Ҳукми ин 7 нафар ҳанӯз ба иҷро надаромадаст.

Тоҷикистон, ки бо Афғонистон, манбаи асосии тавлиди ҳероин, афюн ва ҳашиши дунё, 1370 км марзи муштарак дорад, дар солҳои охир ба як масири умдаи қочоқи маводи мухаддири “афғонӣ”  ба бозорҳои сиёҳи шимоли сайёра, асосан ба Русияву Қазоқистон табдил ёфтааст.

Аз беш аз 7 ҳазор тоҷикистоние, ки дар маҳбасҳои Русия адои ҳукм мекунанд, бино ба ҳисобҳои ғайрирасмӣ, тақрибан чорякаш барои ҷиноятҳои марбут ба маводи мухаддир зиндонӣ шудаанд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button