ВидеоМинтақа ва ҷаҳон

ҚОЧОҚБАРОН ДАР МАРЗИ ҚИРҒИЗИСТОН НАҚБЕ СОХТААНД, КИ ҲАМ ЛИФТ ДОРАДУ ҲАМ РӮШНОӢ (ВИДЕО+8 АКС)

 Маркази матбуоти Хадамоти амнияти давлатии Ӯзбекистон хабар дод, ки рӯзи 23 июни соли 2022 дар ноҳияи Риштони вилояти Фарғонаи Ӯзбекистон дар хонаи сокини маҳаллӣ Т. М. нақби зеризаминиеро пайдо кардаанд, ки то қаламрави ноҳияи Қадамҷойи вилояти Бодканди Қирғизистон сохта шуда буд. Дар ин авохир ин алакай чорумин нақби зеризаминист, ки дар марзи Ӯзбекистон бо Қирғизистон ошкор карда мешавад.

Дар ҷараёни як амалиёти вижа марзбонони Ӯзбекистон ва кормандони раёсати корҳои дохилии вилояти Фарғона як мошини боркашро манъ карда, дар бордони он 2707 телефони мобили тамғаҳои IPhone 13 Pro Max, Samsung Galaxy S 22 ultra, RedMi Note 11 pro  ва тамғаҳои дигарро пайдо кардаанд. Ин телефонҳо, ки арзиши умумиашон 15 миллиард сӯм баровард шудааст, ягон ҳуҷҷат надоштанд ва ба ин далел аз ҷониби мақомот гирифта шуданд.

Кофтукоби баъди дар манзили ронандаи ин мошин муайян кард, ки ӯ аз дохили хонааш то қаламрави Қирғизистони ҳамсоя нақб кандааст. Ин нақб 1−1,5 метр бар, 2 метр баландӣ дошта, ба масофаи 130 метр кашида шудааст. Дар видеои Хадамоти амнияти Ӯзбекистон дида мешавад, к и ин нақб бо рӯшноӣ ва видеокамераҳои назоратӣ муҷаҳҳаз гардонида шуда, фаршашро бетонпӯш кардаанд ва дар даромадгоҳаш ҳатто лифти электрикӣ насб карда шудааст.

Ин нақб барои аз Қирғизистон ба Ӯзбекистон овардани маҳсулоти гуногун истифода мешуд.

Дар робита ба ин қазия парвандаи ҷиноятӣ кушодаанд.

Чанде пеш дар бораи ёфт шудани се чунин нақби дигар дар марзи Ӯзбекистон бо Қирғизистон гузориш шуда буд. Хадамоти амнияти давлатии Ӯзбекистон гуфт, дар бораи вуҷуди ин нақбҳо ҷониби Қирғизистонро ҳанӯз моҳи апрел хабардор карда буд.

Рӯзи 22 январи соли 2022 мақомоти амниятии вилоятҳои Андиҷону Намангони Ӯзбекистон аз кӯшиши бо роҳи қочоқӣ ба Қирғизистон  интиқол додани 1 миллиону 641 ҳазор доллари нақд пешгирӣ карда, сокини маҳаллаи Бобури шаҳри Қарасӯи ноҳияи Қӯрғонтеппаи вилояти Андиҷон З.М., соли таваллудаш 1990−ро дастгир карданд. Дар ҳавлии хонаи ӯ  дар чуқурии 12−12,5 метр як нақби зеризаминии бараш 1 метр ба дарозии 150 метр ошкор карда шуд.

Як нақби дигари бараш як метр ва дарозиаш 400−420  метр дар чуқурии 10−12 метр дар маҳаллаи Бирлик ёфт шуд, ки дар дохили он роҳи оҳани худсохт бунёд карда буданд ва тавассути он як ароба ҳаракат мекард.

Дар ҷараёни тафтиш маълум шуд, ки ин шабакаи қочоқиро ду шаҳрванди Ӯзбекистон ҳамроҳ бо 6 шаҳрванди Қирғизистон таҳти раҳбарии як шаҳрванди 48-солаи Қирғизистон созмон додаанд.

25 майи соли ҷорӣ додгоҳи ноҳияи Норин аъзои ин гуруҳро ба муддати аз 6 то 8 сол маҳкум ба зиндон кард.

5 феврали соли 2022 кормандони амнияти вилояти Андиҷон як нақби дигарро дар хонаи сокини дигари ҳамон маҳаллаи Бобури шаҳри Қарасӯ пайдо карданд. Бино ба гуфтаи тафтишот, ӯ бо маслиҳати пешакӣ бо шаҳрвандони Қирғизистон дар чуқурии 16 метр, аз зери канали Шаҳрихонсой ба дарозии 70 метр нақбе кандааст, ки бо хатти барқ ва низоми тоза кардани ҳаво муҷаҳҳаз гардонида шуда буд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button