ВидеоМуҳоҷирон

ДОДГОҲИ ЧИТА НИКОҲИ ЯК ЗАНИ МАҲАЛЛИРО БО МАРДИ ТОҶИК БЕКОР КАРД

Хадамоти матбуоти додситонии кишвари Забайкали Русия рӯзи 24 июни соли 2022 хабар дод, ки дар шаҳри Чита  як мавриди никоҳи қалбакии шаҳрванди Тоҷикистон бо як зани маҳаллӣ ошкор шудааст. Гуфта мешавад, шаҳрванди Тоҷикистон ба хотири дар Русия мондан ва ба даст овардани шаҳрвандии Русия бо ин зан бардурӯғ издивоҷ кардааст.

“Муайян карда шуд, ки моҳи январи соли 2022 ин шаҳрванди Тоҷикистон ба хотири бидуни мамониат дар қаламрави Русия зиндагӣ кардану ба даст овардани шаҳрвандии Русия бо як зани сокини шаҳри Чита никоҳи қалбакӣ бастааст. Баъди ақди никоҳ онҳо якҷоя зиндагӣ намекарданд ва хоҷагии умумӣ пеш намебурданд”, гуфта мешавад дар иттилоияи додситонӣ.

Дар пайи ошкор кардани ин ҳолат, додситонӣ ба додгоҳ муроҷиат кардааст, ки ин никоҳи қалбакиро бекор кунад. Додгоҳи ноҳияи Ингодаи шаҳри Чита талаби додситониро пурра қонеъ сохта, ақди никоҳи ин зани сокини Читаро бо шаҳрванди Тоҷикистон бекор кардааст.

Бархе шаҳрвандони тоҷик барои бо роҳҳои осонтар соҳиби шаҳрвандии Русия шудан аз роҳҳои аз лиҳози қонунӣ номақбуле, чун никоҳҳои қалбакӣ истифода мебаранд. Дар сурати ошкор шудани чунин ҳолатҳо, шаҳрвандоне ки никоҳи қалбакӣ кардаанд, аз ҳаққи иқомат ва ҳатто аз шаҳрвандии Русия маҳрум гардида, аз ин кишвар ихроҷ карда мешаванд. Вақтҳои охир аз Русия дар бораи бекор шудани даҳҳо чунин никоҳҳои қалбакии сокинони маҳаллӣ бо муҳоҷирони тоҷик гузоришҳо ба даст мерасанд.

Танҳо дар  соли 2021,  беш аз 103 ҳазор зодаи Тоҷикистон соҳиби шаҳрвандии Русия шудаанд. Яъне ба ҳисоби миёна ҳар рӯз 288 зодаи Тоҷикистон шиносномаи хокистарранги тоҷикиро бо шиносномаи сурхи бо уқоби дусараи Русия иваз кардааст. Аз аввали асри 21, бино ба ҳисобҳо, беш аз 800 ҳазор тан аз зодагони Тоҷикистон шаҳрванди Русия шудаанд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button