ВидеоМуҳоҷирон

ДАҲҲО ТОҶИК ДАР ШАҲРИ ЛЕСОСИБИРСК ДАР ҚАЛБИ СИБИР ШАҲРВАНДИ РУСИЯ ШУДААНД

Аз 79  хориҷие, ки аз аввали соли 2022 дар шаҳри Лесосибирск, як шаҳри воқеъ дар қалбаи ҷангалистонҳои Сибири Русия, шаҳрвандии Русияро ба даст оварданд, 68 нафар, ё 86 фоизаш (!!!) зодагони Тоҷикистон будаанд. Аз 1653 нафар хориҷие, ки то 31 майи соли 2022 дар Лесосибирск сабти ном шуда буданд, 910 нафар, яъне аксарияташ низ  шаҳрвандони Тоҷикистон будаанд.

Лесосиби́рск — шаҳрест дар кишвари Красноярск, ки минтақаи Шимоли дур (Крайний Север) дониста мешавад. Лесосибирск дар соҳили дарёи Енисей, 30 км дуртар аз дарёи Ангара ва 286 км шимолтари шаҳри Красноярск ҷойгир шуда, дар ин ҷо наздики 60 ҳазор нафар ба сар мебаранд.

Узви шӯрои ҷамъиятии пулиси Лесосибирск, сардабири нашрияи маҳаллаи “Заря Енисея” Тамара Сентюрина натиҷаҳои мониторинги кори шуъбаи муҳоҷирати пулиси шаҳри Лесосибирски кишвари Красноярскро нашр кард, ки омори ҷолибе дорад.

Маълум мешавад, дар Лесосибирск ба ҳолати то 31 майи соли 2022 дуруст 1653 шаҳрванди хориҷӣ сабти ном шуда будааст, ки аз ин шумор 910 нафар, ё аксарияташ шаҳрвандони Тоҷикистон, 611 нафар аз Ӯзбекистон, 39 нафар аз Қирғизистон ва 57 тани дигар аз Хитой будаанд.

Аз ин шумор 90,2% гуфтаанд, ки ба Лесосибирск барои кор омадаанд.

Ҳамин тавр, тайи 5 моҳи январь-майи соли ҷорӣ дар Лесосибирск 79 шаҳрванди хориҷӣ соҳиби шаҳрвандии Русия шудаанд. Аз ин шумор 68 нафарашро шаҳрвандони Тоҷикистон ташкил дода, 5 нафараш аз Украина, 2 нафар аз Қазоқистон, 2 нафар аз Ӯзбекистон  ва 2 нафар аз Беларус будаанд. Аммо дар айни замон мақомоти Лесосибирск дархости шаҳрвандии як зодаи Озарбойҷонро ба далели ироаи маълумоти бардурӯғ рад кардаанд.

Ёдовар мешавем, соли 2021 дар умум беш ахз 103 ҳазор зодаи Тоҷикистон соҳиби шаҳрвандии Русия шуданд. Яъне ҳар рӯз ба ҳисоби миёна 288 тоҷикистонӣ шиносномаи хокистарранги тоҷикиашро бо шиносномаи сурхи бо уқоби дусара зиннатёфтаи Русия иваз кардааст. Аз аввали асри 21 алакай беш аз 800 ҳазор аз зодагони Тоҷикистон шаҳрвандии Русия ба даст овардаанд ва ин раванд ҳамчунон бо суръат идома дорад.

Бо онки сели сокинони Тоҷикистон бо умеди ба даст овардани “роҳхат ба як зиндагии беҳтар” худро бо ҳар роҳе ба кишварҳои хориҷӣ ва асосан ба Русия мезананд, ҷомиашиносон аз як паёмади ногувори ин тамоюл – фирори мағзҳо ва коҳиши қишри босавод ва кордони аҳолӣ дар Тоҷикистон – бонги изтироб мезананд.  Онҳо мегӯянд, кишварҳои хориҷӣ, бахусус Русия, мутахассисони беҳтарин ва ботаҷрибаро аз байни омӯзгорону табибон, муҳандисон, устоҳо ва намояндагони касбҳои дигар гулчин мекунад ва ин боис мешавад, ки ҷои онҳоро дар Тоҷикистон бо нафарони бетаҷрибае, ки тоза аз донишгоҳ берун шудаанд, пур кунанд.

Вале дар Русия низ мухолифони додани шиносномаи русӣ ба зодагони Тоҷикистон кам нестанд.

Аз ҷумла Сергей Миронов, як сиёсатмадори популисти рус, ки бо шиорҳои миллатгароён ва зидди муҳоҷирон ном баровардааст, солҳои охир талош мекунад, бо доман задани эҳсосоти зидди муҳоҷирон  ба Жириновский тақлид кунад ва бо ин роҳ тарафдорони ӯро ба тарафи худ бикашад.

Барои мисол, моҳи апрели соли 2022 Миронов, вақте фаҳмид, ки дар як соли охир беш аз 100 ҳазор аз зодагони Тоҷикистон соҳиби шаҳрвандии Русия шудаанд ва тоҷикистониҳо дар ин “чемпионат” барои дарёфти шаҳрвандии Русия баъди украиниҳо ҷои дуюмро гирифтаанд, талаб кард, ки додани шаҳрвандии Русияро барои зодагони Тоҷикистон то поёни соли 2023 манъ кунанд ва дар ин муддат асноди ҳамаи он тоҷикистониҳои алакай шаҳрвандии Русияро бадастовардаро аз нав тафтиш кунанд ва онҳоеро, ки ба тоҷикҳо шаҳрвандӣ додаанд, зиндон кунанд.

 Миронов шаҳрванди Русия шудани чунин шумори зиёди тоҷикистониҳоеро, ки ба ақидаи ӯ, “забон, фарҳанг ва анъанаҳои моро намедонанд”, “шокикунанда”, “зуҳуроти манфӣ” ва “бар хилофи манфиатҳои Русия” номид. Ӯ гуфт, “давлат бояд ба сурати фаврӣ ба ҷараёни муҳоҷират дахолат карда, пеши роҳи зуҳуроти манфиро дар ин арса бигирад”.

Дар ҳоле ки бадбиниаш нисбат ба тоҷикҳоро базӯр пинҳон мекард, Миронов гуфт: “Беш аз нисфи онҳое, ки шиносномаи русӣ гирифтанд, аз Донбассанд. Ин комилан фаҳмост, ҷои суол нест. Вале рақами дигар ба шок меорад: 14%, ё 103 ҳазор шаҳрванди нави Русия аз Тоҷикистон омадаанд. Ман ба мардуми ин кишвар эҳтироми тамом дорам, вале биёед рӯирост гап занем: аксарияти кулли аз Тоҷикистон омадаҳо забон, фарҳанг ва анъанаҳои моро қариб намедонанд, агар тамоман надонанд, онҳо тахассуси баланд ва ҳатто миёна ҳам надоранд. Шаҳрвандии моро ба даст овардан ба манфиати онҳост. Вале манфиати Русия дар чист?”

Миронов гуфт, давлат бояд ба ин масъала ба таври фаврӣ дахолат кунад: “Пешниҳод мекунам, ки муваққатан, барои мисол, то поёни соли 2023 додани шаҳрвандии Русия ба сокинони Тоҷикистон таҳти мораторий қарор дода шавад.  Дар ин муддат бояд мавридҳои қаблии додани шиносномаҳои Русия ба зодагони ин кишвар тафтиш шавад. Агар бар хилофи қонун шаҳрвандӣ гирифта бошанд, бояд шаҳрвандиашон бекор карда шавад. Қонуни нав инро пешбинӣ мекунад. Ва, албатта, мансабдоронеро, ки аз ҳисоби ин пул кор кардаанд, бояд ба зиндон бикашонанд”.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button