ВарзишВидеоМуҳоҷирон

ВИДЕО: МАҲМАДБЕК МАҲМАДБЕКОВ ДАР УЛАН-БАТОР МЕДАЛИ ТИЛЛО БА ДАСТ ОВАРД

Паҳлавони тоҷики муқими Русия Маҳмадбек Маҳмадбеков рӯзи 25 июни соли 2022 дар рақобати ниҳоӣ дар мусобиқоти байналмилалии гуштини дзюдо “Тоскулоҳи бузург” (Grand Slam Ulan Baator-2022) дар шаҳри Улан-Батор, пойтахти Муғулистон дар вазни 73 кило бар паҳлавони муғул Тсенд Очир ғолиб омад ва қаҳрамони ин мусобиқа шуд. Маҳмадбек  Маҳмадбеков дар даври ниманиҳоӣ Тоҳар Битбул аз Исроилро шикаст дод.

Маҳмадбек Маҳмадбеков, фарзанди Ҳоҷӣ Шоин Махмадбеков , тоҷики муқими Русия, ки  ҳамагӣ 22 сол дорад, ҳамроҳи писарамакаш Сомон Маҳмадбеков (нахустин қаҳрамони дзюдо байни ҷавонон аз Тоҷикистон) дар назди амакҳои худ Эргаш ва Фотеҳ Маҳмадбековҳо дар шаҳри Иркутски Русия машқ мекунанд.  Сомон Маҳмадбеков дар мусобиқаҳои байналмилалӣ таҳти парчами Тоҷикистон ҳунарнамоӣ мекунад. Вале Маҳмадбек Маҳмадбеков  – дар ҳайъати Русия.

Азбаски Русияро ба далели ҷангаш ба зидди Украина аз ҳаққи ширкат дар аксари мусобиқаҳои байналмилалӣ маҳрум кардаанд, Маҳмадбек Маҳмадбеков дар мусобиқоти “Тоскулоҳи бузург” дар Улан-Батор таҳти парчами Федератсияи байналмилалии гуштини дзюдо (IJF) ба майдон баромад.

Ин алакай сеюмин медали тиллои Маҳмадбек Маҳмадбеков дар мусобиқоти “Тоскӯлоҳи бузург” аст.  Маҳмадбек дар соли 2021 соҳиби ду мақоми аввал ва медалҳои тиллои мусобиқоти “Тоскӯлоҳи бузург” дар Қазон ва Боку гардида, Дар Загреб медали биринҷӣ ба даст овард.

То имрӯз Маҳмадбек нахустин ва ягона варзишгари тоҷик аст, ки се маротиба барандаи нишони тиллои мусобиқоти “Тоскӯлоҳи бузург” (Grand slam) гардидааст.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button