ВидеоХабарҳои кӯтоҳҲодиса

ЯК НАВРАС ҲАНГОМИ ОББОЗӢ ДАР МАСТЧОҲ ҒАРҚ ШУДААСТ

Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон аз ғарқ шудани як навраси 16-сола дар шаҳраки Бӯстон, маркази ноҳияи Мастчоҳ хабар дод. Як ҷавони 18-сола аз ноҳияи Спитамен низ дар Хуҷанд ғарқ шудааст, вале наҷотбахшон тавонистаанд ӯро наҷот диҳанд. Ҳарду ҳодиса  нимаи дуюми рӯзи 24 июни соли 2022 рӯй додааст. Аз аввали ҳафтаи ҷорӣ Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда алакай дар бораи 7 ҳолати ғарқ шудани сокинон хабар додааст. Аз аввали сол шумораи ғарқшудагон дар обу дарёҳои Тоҷикистон алакай аз 60 нафар гузашт.

Бино ба маълумоти Раёсати ҳолатҳои фавқулоддаи вилояти Суғд, як сокини 16-солаи ҷамоати шаҳраки Бӯстони ноҳияи Мастчоҳ дар оби канали маҳалли зисти худ ғарқ шудааст.

Ин ҳодиса рӯзи 24-уми июни соли равон, тахминан соати 16:50 рух додааст.

Соате пас аз фоҷеа сокинони деҳа ҷасади ноболиғро пайдо ва ба мақомоти дахлдор барои таҳқиқу тафтиш супурдаанд.

Сабаби ғарқ шудани ин писараки 16-сола маълум нест. Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда тахмин мезанад, ки “шояд надонистани қоидаҳои шиноварӣ ва беэҳтиётӣ сабаби ин фоҷеа бошад”.

Ҳамчунин хабар дода мешавад, ки бегоҳии рӯзи гузашта, тахминан соати 18:00 як сокини 18-солаи ҷамоати деҳоти Тағояки ноҳияи Спитамен дар мавзеъи Наврӯзгоҳи шаҳри Хуҷанд ҳаноми шиноварӣ дар ҷойи мамнуъ ғарқ шудааст.

Бо талоши наҷотбахшони раёсати ҳолатҳои фавқулоддаи вилояти Суғд, ин ҷавонро наҷот додаанд.

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда дар пайи ин ҳодисаҳо ба сокинон муроҷиат карда,  хотиррасон кардааст, риояи қоидаҳои оббозиву шиноварӣ гарави аслии таъмини амнияти шумост. “Пас бояд ҳатман қабл аз вориди об шудан, зарфиятҳои шиноварии худро бидонед ва агар оббозӣ карда наметавонед, пас хуб аст, ки аз соҳил қадаме дохилтари об наравед”, гуфта мешавад дар муроҷиатномаи Кумита.

Бино ба омори КҲФ, аз аввали соли ҷорӣ дар обҳои Тоҷикистон алакай беш аз 60 нафар, аз ҷумла беш аз 30 кӯдаки синнашон то 16 ғарқ шудаанд. Соли гузашта дар Тоҷикистон 155 нафар, аз ҷумла 75 кӯдак ғарқ шуда буд.

Бино ба омори КҲФ, аз аввали соли ҷорӣ дар обҳои Тоҷикистон алакай беш аз 60 нафар, аз ҷумла беш аз 30 кӯдаки синнашон то 16 ғарқ шудаанд. Соли гузашта дар Тоҷикистон 155 нафар, аз ҷумла 75 кӯдак ғарқ шуда буд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button