Чеҳраҳо

ҲУСНИ ТВТ БУД… ДАРГУЗАШТИ НАТТОҚИ СОБИҚИ ТВ ТОҶИК САОДАТ АШӮРОВА ДАР СИННИ 59

Саодат Ашӯрова, наттоқи собиқи барномаи “Ахбор” дар телевизион ва радиои Тоҷикистон рӯзи 25 июни соли 2022 дар синни 59 аз олам чашм пӯшид.

Дар ин бора дар Фейсбук Лутфуллои Азиз  хабар дод.  Ӯ навиштааст:

Боз як ситорае нопадид шуд…

Имрӯз наттоқи беҳамтои “Ахбор, зеботарин чеҳра, гӯяндаи бенадиди телевизион Саодат Ашурова дар доди 59-солагӣ даргузашт…

Ба иқрори наздиконаш, бону Саодат солҳои ахир аз беморӣ ранҷ мебурд…

Равонаш шод бошад…

Ёдат ба хайр…!

Шаҳло Наҷмиддинова, хабарнигори собиқи телевизиони Тоҷикистон низ навиштааст:

“Ман дар ТВТ замоне бо ин апаи азиз ҳамкор будам. Беҳтарин, самимитарин инсон буданд.

Ҳайфи чонаки ширинаш.Равонаш шод бод.

Ба аҳли хонадонашон аз Худои мутаьол сабри ҷамил мехоҳем”.

Гулрухсор Рахимова, ки низ бо марҳум дар радиои Тоҷикистон ҳамкорӣ доштааст, менависад: “Дар шуъбаи наттоқони радио қариб як сол кор кардем. Ҳиҷ гаҳ бо чини чабину абрувони гиреҳхӯрда надидамаш. Суҳбаташ гарму саршори меҳр буд, бад- ин хотир мудом атрофаш ҳамкорон ҷамъ буданд. Ҳарфаш лутфомез буду садояш малеҳ…”

Дилбар Исматова охирин дидораш бо Саодат Ашӯроваро чунин ба ёд овардааст:

Чанде пеш дар роҳрави ошёнаи 5 – уми радио вобаста хӯрда будем.

Сӯйи идораи Ахбор мерафтанд.

Ҳарчанд бемориву бемадориашон аз чеҳраашон ҳувайдо буд,аммо табассуми зебандаву ба худ хос доштанд.

Худованди меҳрубон ҷояшонро Ҷаннат гардонад. Омин

Саидчаъфар Ашуров менависад, ки “духтари амак”-ашро аз даст дод:

«Худо раҳмату мағфират кунад…. Солҳoе, ки дар ТВ Тоҷикистон наттоқи Ахбор буданд, ба ҳамкурсон шухи карда мегуфтам, апаи Саодат духтари амаки ман аст….. (Дар ҳақиқат як духатри амакам Саодат Ашурова ҳаст)… Ҷояшон биҳишт бошад… Ба наздикону пайвандонаш сабри ҷамил аз даргоҳи Худо талаб дорам…

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button