СиёсатҶанг дар Украина

ГЕНЕРАЛ ЕВДОКИМОВ САФИРИ НАВИ УКРАИНА ДАР ДУШАНБЕ ТАЪЙИН ШУД

Президенти Украина Владимир Зеленский бо фармони худ аз 23 июни соли 2022 раҳбари собиқи Хадамоти ҷосусии берунаи кишвараш генерал-майори 52-сола Валерий Евдокимовро сафири нави Украина дар Тоҷикистон таъйин кард.

Генерал Евдокимов дар ин мақом як генерали дигари украинӣ Василий Серватюткро иваз мекунад. Доктори улуми ҳарбӣ, профессор, генерал-лейтенант Василий Серватюк, ки қабл аз омаданаш ба Душанбе муовини фармондеҳи Хадамоти давлатии марзбонии Украина буд, дар мақоми сафири Украина дар Тоҷикистон се сол кор кард. Фармони таъйини генерал Серватюкро ба мақоми сафириро раисиҷумҳури қаблии Украина Петро Порошенко дар яке аз рӯзҳои охири кораш  имзо карда буд.

Сафорати Украина дар Душанбе умури Афғонистонро низ бар уҳда дорад.

Валерий Владимирович Евдокимов 17 ноябри соли 1969 дар шаҳри Ровно дар шимолуғарби Украина ба дунё омада, Донишкадаи Қӯшунҳои марзбонии Украина, Академияи миллии Хадамоти амнияти Украина ва ҳамчунин Мактаби тиҷорати Киеву Могилянро хатм кардааст.

Евдокимов солҳои зиёде др саффи нирӯҳои марзбонии Украина хидмат карда, 9 июли соли 2019 муовини сардори Хадамоти ҷосусии берунаи Украина ва 20 сентябри ҳамон сол сардори ин ниҳоди махсуси амниятӣ таъйин шуд. Генерал Евдокимов бар Хадамоти ҷосусии берунаи Украина то 5 июни соли 2020 роҳбарӣ кард ва аз 15 октябри соли 2019 то 17 августи соли 2020 узви Шӯрои амнияти миллӣ ва мудофиаи Украина низ буд.

Генерал Евдокимов барои саҳмаш дар ҳифзи марзҳо ва намоииш шуҷоату сатҳи баланди омодагии касбӣ соли 2017 бо ордени Даниил Галитский ва ҳам бо ҷоизаи президенти Украина “Барои иштирок дар амалиёти зиддитеррористӣ” сарфароз гардонида шудааст.

Таъйини генерал Евдокимов ба мақоми сафири Украина дар Тоҷикистон дар пасманзари ҷанги Русия бо Украина сурат мегирад, ки инак 4 моҳ боз давом дорад ва дар ҷараёни задухӯрдҳои мусаллҳона аз ҳарду тараф чандин ҳазор нафар кушта шуда,  даҳҳо шаҳри Украина вайрону валангор ва қисме аз қаламрави ин кишвар аз сӯи Русия ишғол шуд.

Мақомоти Тоҷикистон дар сатҳи расмӣ то кунун дар робита ба ҷанги Русия ва Украина изҳори назар накардаанд ва ин ҷангро баҳогузорӣ намекунанд. Нозирони умур инро ба вобастагии ҷиддии Душанбе аз Русия ва ҳам ба омили ҳухзури беш аз як миллион муҳоҷири кории тоҷик дар бозори кори Русия бастагӣ медиҳанд.

Василий Серватютк

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button