ВидеоХабарҳои кӯтоҳ

ТАҒЙИРОТИ КАДРӢ ДАР РИШТАИ ҲУҚУҚШИНОСИИ ДОНИШГОҲИ МИЛЛӢ

Рӯзи 23 июни соли 2022 бо фармоиши ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон (ДМТ)  ва  “дар мувофиқа бо ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон” муҳаққиқи масоили ҳуқуқи кӯдак Қурбонализода Нурулло Шамсулло декани факултет, ё риштаи ҳуқуқшиносии ДМТ таъин гардид. Риштаи ҳуқуқшиносии ДМТ дар тӯли даҳсолаҳо яке аз пурнуфузтарин риштаҳои таҳсилоти олӣ дар Тоҷикистон ба шумор меравад ва аксари роҳбарони сатҳи аввали мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ҷумҳурӣ дастпарварони ҳамин риштаанд.

Нурулло Қурбонализода то таъйин шуданаш ба вазифаи декан дар дастгоҳи Маҷлиси миллӣ, яъне ҳамроҳ бо Рустами Эмомалӣ кор мекард.

Қурбонализода Нурулло Шамсулло 17-уми марти соли 1988 ба дунё омада, соли 2005 литсей-интернати президентӣ барои бачаҳои болаёқати шаҳри Душанбе ва соли 2010 риштаи  ҳуқуқшиносии он вақт Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистон (ҳоло ДМТ)-ро бо дипломи аъло хатм кардааст. Нурулло Қурбонализода солҳои 2010-2011 ҳамчун лаборанти кафедраи ҳуқуқи гражданӣ, солҳои 2011-2015 ассистенти ҳамин кафедра, солҳои 2015-2017 муовини декани факултети ҳуқуқшиносӣ, солҳои 2017-2018 дар мақоми сардори раёсати илм ва навоварии техникии ДМТ фаъолият намудааст. Аз соли 2018 то соли 2020 ба ҳайси сармутахассиси раёсати ҳуқуқи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият намуда, аз соли 2020 то соли 2022 мудири шуъбаи ҳуқуқи дастгоҳи Маҷлиси миллӣ, палатаи болоии парлумони Тоҷикистон буд.

Масъалаҳои вазъи ҳуқуқии субъектони ҳуқуқи гражданӣ, ҳуқуқи кӯдак, иттилоот ва моликияти зеҳнӣ аз мавзўъҳои таҳқиқоти илмии ў мебошанд. Ӯ соли 2014 дар Шўрои муттаҳидаи диссертатсионии ДМ 737.004.08 оид ба ихтисосҳои 12.00.01 (назария ва таърихи ҳуқуқ ва давлат; таърихи таълимот оид ба ҳуқуқ ва давлат); 12.00.03 (ҳуқуқи гражданӣ, ҳуқуқи соҳибкорӣ, ҳуқуқи оилавӣ, ҳуқуқи байналмилалии хусусӣ) назди донишгоҳ, Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А. Баҳоваддинови Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Донишгоњи славянии Россияву Тоҷикистон дар мавзӯи «Масъалаҳои ҳифзи ҳуқуқҳои иттилоотии граждании кӯдак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» рисолаи илмиашро дифоъ кардааст.

Соли 2017 дотсенти кафедраи ҳуқуқи граждании факултети ҳуқуқшиносӣ таъин гардид. Қурбонализода аз фанҳои ҳуқуқи гражданӣ, ҳуқуқи манзил, ҳуқуқи оилавӣ ва курси махсуси «Ҳуқуқи ноболигон» ба шогирдон дарс гуфта, муаллифи беш аз 50 кори илмию таҳқиқотӣ ва таълимию методӣ мебошад. Ў аз соли 2017 узви Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон будааст.

Бо амри раиси Маҷлиси миллӣ аз 7-уми сентябри соли 2021 бо рутбаи “Мушовири адлияи дараҷаи 1” сарфароз гардонида шудааст.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button